Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машоӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон боздид мекунад


Имрӯз Исфандиёр Раҳими Машоӣ -раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон дар идомаи боздидаш аз Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазир Оқил Оқилов ва вазирони хориҷаву фарҳанги ин кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва Мирзошоҳрух Асрорӣ дидор ва густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Раҳими Машоӣ дирӯз дар оғози боздидаш аз Тоҷикистон аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда - 2" дар ҷануби ин кишвар, ки сохтмони он бо сармояи давлати Эрон идома дорад, боздид кард. Вай дар маросими гузоштани санги пойдевори «Хонаи Эрон"дар Душанбе ширкат дошт. Нахустин маркази фарҳангии эрониён дар пойтахти Тоҷикистон дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе бунёд хоҳад шуд. Ин бино дорои толори намоишҳо ва ҳамоишу маъракаҳои фарҳангӣ, китобхона ва синфхонаҳои таълимӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG