Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд ва Испания дар финали Ҷоми ҷаҳон


Дастаҳои мунтахаби миллии Ҳолланд ва Испания пас аз пирӯзӣ дар даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале рақибонашон – Уругвай ва Олмон барои ҷои севум мубориза хоҳанд бурд.

Дар даври ниманиҳоӣ Ҳолланд бар Уругвай бо ҳисоби 3:2 ва Испания бар Олмон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд:
6-уми июл. Кейптаун. Варзишгоҳи “Грин Пойнт”. Уругвай – Ҳолланд - 2:3 (1:1 ). Голҳо: Ҷованни ван Бронкхорст, дақиқаи 18-ум, Уэсли Снейдер, дақ. 70-ум, Арйен Роббен, дақ. 73-юм – ҳарсе Ҳолланд, Диего Форлан, дақ. 41-ум, Макси Перейра, дақ. 90-ум – Уругвай.
7-уми июл. Дурбан. Варзишгоҳи «Мозес Мобида». Олмон – Испания – 0:1 (0:0). Гол: Пуйол, дақиқаи 73-юм.

Ба ин тартиб 11-уми июл соати 23.30 бо вақти Душанбе дар бозии ниҳоӣ Ҳолланд ва Испания барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон-2010 мубориза хоҳанд бурд.

Тими Ҳолланд барои бори севум ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтааст, вале ду бор – соли 1974 аз тими Олмон бо ҳисоби 1:2 ва соли 1978 аз тими Аргентина бо ҳисоби 1:3 (дар замони изофӣ) шикаст хӯрдааст.

Дастоварди назарраси Испания, қаҳрамони кунунии Аврупо, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон касби ҷои чаҳорум дар соли 1950-ум мебошад.

Дастаҳои Уругвай ва Олмон 10-уми июл соати 23. 30 барои ҷои 3-юм ва медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард.
Уругвай ду бор (солҳои 1930 ва 1950) Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардааст. Дастаи Олмон бошад, се бор (солҳои 1954, 1974 ва 1990) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ҳамаи 7 тиме, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд, аз ҳаққи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум шуданд. Ба ғайр аз Олмон ва Уругвай Бразил (5 бор - 1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё (4 маротиба -1934, 1938, 1982, 2006), Аргентина (2 бор - 1978, 1986), Инглистон (1966) ва Фаронса (1998) Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардаанд.

Вале ин дафъа дар Африқои Ҷанубӣ қаҳрамони нави футболи ҷаҳон маълум хоҳад шуд. Ё тими Ҳолланд ва ё тими Испания нуздаҳумин қаҳрамони ҷаҳон мешавад.

Дастаи ғолиби бозии ниҳоӣ бо 30 миллион доллари амрикоӣ сарфароз мегардад. Финалист соҳиби 24 миллион доллар хоҳад шуд. Ба дастае, ки ҷои севумро мегирад, 20 миллион доллар тақдим мешавад. Ба дастае, ки дар ҷои чаҳорум қарор мегирад, 18 миллион доллар супурда хоҳад шуд.

Дастаҳои ҷойҳои аз 5-ум то 8-умро ишғолкарда 14 миллион долларӣ ва тимҳои ҷойҳои аз 9-ум то 16-умро ишғолкарда 9 миллион долларӣ мукофотпулӣ гирифтанд. Инчунин ба 16 дастаи дигаре, ки дар сабқати гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2010 ширкат карданд, 8 миллион долларӣ эҳдо шудааст.

Давид Виля (Испания) ва Уэсли Снейдер (Ҳолланд), ки то ҳоло 5-голӣ задаанд, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2010 пешсаф мебошанд.

Г.Игуаин (Аргентина), Т.Мюллер (Олмон), М.Клозе (Олмон), Р.Виттек (Словакия ) ва Д.Форлан (Уругвай) 4-голӣ ба самар расондаанд. Л.Суарес (Уругвай), Л.Фабиану (Бразил) ва Л.Донован (ИМА) 3-голӣ задаанд.
XS
SM
MD
LG