Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» бе сарпараст мондааст


Рӯзи якшанбеи 4-уми июл се бозии даври 14-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони Тоҷикистон, боз шикаст хӯрд.

«Вахш» дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе аз тими мизбон - ССКА «Помир» бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро Шамсиддин Қосимов дар дақиқаи 34-ум ба самар расонд. Воқеъан, ин бохти севуми паиҳами қаҳрамони футболи Тоҷикистон ба шумор меравад. «Вахш» баъди ин нокомӣ дар ҷадвали мусобиқа як зина поён – ба ҷои чаҳорум фуромад.

Ҳикматулло Шамсиддинов, сардори дастаи «Вахш», иллати нокомии қаҳрамони футболи Тоҷикистонро дар се бозии охир ба радиои Озодӣ чунин шарҳ дод: «Вахш», ки ба даври ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) роҳхат гирифтааст, дар айни ҳол бе серпараст мондааст ва бо мушкилоти зиёд, аз ҷумла мушкилоти молӣ рӯбарӯст. Аъзои даста чанд моҳи ахир на маош мегиранд ва на мукофотпулӣ. Муроҷиати чандинкаратаи мо ба раҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа ҳеҷ гуна натиҷа надод. Дар як вилояти калони ҷумҳурӣ тоҷироне ёфт намешаванд, ки моро сарпарастӣ намоянд. Дастаи «Вахш», ки имсол ҷашни 50-солагӣ дорад, моҳи сентябр дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё шарафи Тоҷикистонро ҳимоя хоҳад кард, вале бо чунин аҳвол мо чӣ гуна ба ин мусобиқаи байналмилалӣ омодагӣ мебинем?! Маблағи сафари моро барои ширкат дар ин мусобиқа ба Мянмар кӣ пардохт мекунад? Агар дастаи «Вахш», ки ҳазорҳо мухлисон дорад, аз ҷониби масъулини соҳа ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Қӯрғонтеппа дастгирӣ наёбад, пас мо маҷбур мешавем, ки дастаро пароканда карда, футболбозонро ҷавоб диҳем».

Дар бозии дигари даври 14-ум «Энергетик»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак»-и пойтахти кишвар бозиро бо дастаи меҳмон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ҳисобро дар дақиқаи 2-юм Шавкати Ҳотам, бозигари «Энергетик», боз кард. Голи ҷавобиро Абдулҳафиз Иброҳимов («Хуҷанд») дар дақиқаи 34-ум ба самар расонд.

«Равшан»-и Кӯлоб дар шаҳри Ваҳдат аз тими «Хайр» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ду голро Мирзобек Мирзоев дар дақиқаҳои 10-ум ва 61-ум вориди дарвозаи кӯлобиҳо кард. Голи севуми «Ваҳдат»-ро Низом Раҳимов дар дақиқаи 26-ум зад. Ин ғалаба ба футболбозони шаҳри Ваҳдат имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа ба ҷои севум бароянд.

Ба иллати ширкати дастаи «Истиқлол» дар бозии байналмилалии дӯстона бо тими «Ҳассен Кассел»-и Олмон бозии даври 14-ум байни «Истиқлол» ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ба рӯзи 21-юми июл гузаронида шуд.

Дар ҷадвали мусобиқа мисли пешин дастаи «Регар» ТадАЗ бо 28 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Тими «Истиқлол» низ 28 имтиёз ба даст овардааст, вале бо дарназардошти шумораи ғалаба ва таносуби тӯбҳо дар ҷои дуввум қарор дорад. Инчунин «Истиқлол» нисбат ба рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ - «Регар» ТадАЗ ду бозӣ бештар анҷом додааст.

Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан» ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 7-уми июл


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ (Турсунзода)

10

9

1

0

35-4

28

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

12

8

4

0

27-8

28

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

13

7

2

4

23-17

23

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

13

6

3

4

16-13

21

5.

«Энергетик» (Душанбе)

12

4

3

5

15-17

15

6.

ССКА«Помир» (Душанбе)

12

3

4

5

12-19

13

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

11

2

2

7

13-22

8

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

1

5

5

12-22

8

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

12

0

2

10

6-37

2


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 12 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) – 10, Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ) ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.

Бозиҳои навбатӣ:
7-уми июл (чоршанбе)
«Регар» ТадАЗ - «Энергетик»
12-уми июл (душанбе)
«Парвоз» - «Энергетик»
«Вахш» - «Равшан»
13-уми июл (сешанбе)
«Регар» ТадАЗ - ССКА «Помир»
«Хуҷанд» - «Истиқлол»
XS
SM
MD
LG