Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» боз ба Мянмар сафар хоҳад кард


Марҳалаи ниҳоии Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) аз 24-ум то 26-уми сентябр дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон баргузор хоҳад шуд.

Бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии ин мусобиқа дар Маркази тамринии ҷавонон доир мешаванд.

Аз рӯи ҷамъбасти сабқати гурӯҳӣ дастаҳои «Дордой» (Норин, Қирғизистон), «Вахш» (Қӯрғонтеппа, Тоҷикистан), МТТУ (Ишқобод, Туркманистан) ва «Яданарбон» (Янгон, Мянмар) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтаанд.

Ҷуфтҳои бозиҳои ниманиҳоӣ бар асоси қуръакашӣ, ки 11-уми июл дар Янгон баргузор мешавад, муайян хоҳанд шуд.

Натоиҷи бозиҳои ниҳоии Ҷоми раиси AFC :

2005 (Катманду, Непал). «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – «Дордой-Динамо» (Қирғизистон) - 3:0
2006 (Кучинг, Малайзия). «Дордой-Динамо» – «Вахш» (Тоҷикистон) - 2:1, дар замони изофӣ
2007 (Лоҳур, Покистон). «Дордой-Динамо» – «Непал Полис Клаб» (Непал) - 2:1
2008 (Бишкек, Қирғизистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 1:1, аз рӯи пенолти - 4:3
2009 (Турсунзода, Тоҷикистон). «Регар-ТадАЗ» – «Дордой-Динамо» - 2:0
2010 (Янгон, Мянмар).
XS
SM
MD
LG