Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои Абдулло Назаров бо Бишкек


Абдулло Назаров, сарвари раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон
Абдулло Назаров, сарвари раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон

Ин ҳафта бархе аз расонаҳои Бишкек “муҷрим”-и низоъи қавмӣ дар ҷануби Қирғизистонро пайдо карданд. Аз ин пеш нашрияҳо чанд бор дар бораи ҳузури собиқ размандагони мухолифини тоҷик дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод матлабҳо нашр карданд, ки боиси эътирози мақомоти расмии Тоҷикистон шуда буд. Акнун ангушти иттиҳом сӯи Абдулло Назаров, сардори раёсати амнияти миллии Бадахшон дароз шудааст.

То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад?

Нашрияи “Алый парус” навишт, ки чанд рӯз қабл аз задухӯрдҳои қавмӣ дар Ӯшу Ҷалолобод Абдулло Назаров ва дӯсташ Жаниш Боқиев, бародари раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев, аз қароргоҳи мусаллаҳони тоҷик дар қаламрави Тоҷкиистон дидан кардаанд. Дар ин мулоқот, нигоштааст хабарнигори “Алый парус”, Жаниш Боқиев аз генерали тоҷик хостааст, ки аз 200 то 300 нафари мусаллаҳро барои барангехтани низоъ миёни ӯзбакҳову Қирғизҳо ба ҷануби Қирғизистон фиристад. Нашрия “ёдовар” шудааст, ки аз ин пеш мусаллаҳони тоҷик дар маҳви афроди маъруфи олами ҷиноии Қирғизистон, аз ҷумла Ойбеки "сиёҳ", даст доштанд.

Ва аммо оё мақомоти амниятии Тоҷикистон воқеъан ҳам дар бораи низоъи қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон иттилоъ доштанд ва, зиёда аз ин, бо истифода аз афроди мусаллаҳ ба оташи низоъ дар кишвари ҳамсоя равған рехтаанд?

Санавбар Шерматова, коршиноси масоили минтақаӣ, ҳадс мезанад, ки овозаҳои дар Ӯш ва Ҷалолобод ҳузур доштани мусаллаҳони тоҷик бепояву бунёд набошад, ҳарчанд ки, ба иқрори ӯ, дар шаҳри Ӯш дар бораи снайпер ё тирандозҳои тоҷик чизе намегӯянд. Ба гуфтаи коршинос, мақомоти амниятии Қирғизистон ҳам аз ибрози назар дар ин бора парҳез доранд ва онҳо фақат хабари мулоқоти Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури пешин, бо мусаллаҳони Ҷунбиши исломии Ӯзбакистонро таъйид мекунанду халос.

Дар ҳамин ҳол, меафзояд Санавбар Шерматова, сарусадоҳо дар бораи ҳузури афроди мусаллаҳи бегона то ҳол сари забони мардуми Ӯшу Ҷалолобод аст. Ӯ мегӯяд, “вақте кас бо мардуми маҳаллӣ сӯҳбат мекунад, нафаре аз онҳо шунидааст ва ё каси дигар аз фарди сеюм шунидааст, ки дар он ҷо одамони ғайр ҳузур доштанд, одамоне, ки на ӯзбак буданд ва на қирғиз. Онҳо риш доштанд ва бо забоне ҳарф мезаданд, ки ба ин ду забон монанд набуд. Ва тирандозҳо низ буданд”.

Жаниш дар Бадахшон? Дар қароргоҳи муҷоҳидон?

Ва аммо Абдулло Назаров сарусадоҳо дар бораи ҳузури пайвандони раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар қаламрави Тоҷикистон, мулоқоташ бо Жаниш Боқиев ва ширкати мусаллаҳони тоҷик дар низоъи қавмӣ дар ҷануби Қирғизистонро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки боре ҳам бо Жаниш Боқиев рӯ ба рӯ нашудааст, ҳарчанд аз ин пеш бо дигар мақомоти амниятии ин кишвари ҳамсоя дар нишастҳои минтақаиву байнулмилалӣ вохурдаст. Ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави Тоҷикистон ягон хел қароргоҳи махфии афроди мусаллаҳ, аз ҷумла, муҷоҳидон, мавҷуд нест.

Дар сӯҳбат бо мо Абдулло Назаров изҳор намуд, ки “ин ҳама овозаҳо аз сӯи нотавонбинҳои оромиву субот дар Тоҷикистон пахш мешавад”. Ба гуфтаи ӯ, агар мусаллаҳони тоҷик дар Ӯшу Ҷалолобод бедодгарӣ мекарданд, магар мардуми маҳаллӣ тоҷикони муқими ин вилоятҳоро ором мегузоштанд? Ӯ меафзояд, “ман дар Ӯшу дигар мавзеъҳо бо нафарҳои зиёде сӯҳбат кардам, ки шаҳрвандони мо ва ҳаммиллатҳои моянд. Онҳо гуфтанд, ки ба онҳо касе сару кор нагирифтааст, ягон кас болояшон таъзиқу фишор ҳам наовардааст...

Девори заиф зуд фурӯ мерезад

Генерал Абдулло Назаров дар ташкили ҳаводиси ҷануби Қирғизистон абарқудратҳоеро айбдор мехонад, ки оромиву субот дар Осиёи Марказиро хуш надоранд. Аз сӯи дигар, меафзояд ӯ, задухурди миёни ӯзбакҳову қирғизҳо – намоиши заъфи ҷиддии сохторҳои қудратӣ ва интизомии Қирғизистон аст. Ба гуфтаи ӯ, “дар ҷое, ки ҳукумат қавӣ нест, мухолифони ҳукумат мардумро мехезонанд ва хадамоти махсус амнияти мардумро таъмин карда наметавонанд, ҳамин хел ноҷӯриҳо рух медиҳанд”.

Мирослав Ниёзов, собиқ Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон низ, бо ин гуфтаҳои генерали тоҷик мувофиқ аст. Ӯ даст доштани “нерӯи саввум” ва ҳамчунин гурӯҳҳои террористӣ дар ҳаводиси Ӯш ва Ҷалолободро баъйид намедонад, ва аммо мегӯяд, ки “он ба хеҷ ваҷҳ масъулияти ҳукумати муваққат ва мақомоти ҳифзи тартиботро кам намекунад, зеро онҳо бояд ин ҳодисаҳоро пешгӯӣ ва аз онҳо ҷилавгирӣ мекарданд”.

Сабаби заифии сохторҳои интизомӣ, ба гуфтаи генерал Ниёзов, “аз байн рафтани ҳирфавият дар ин сохторҳо ва ба муносибатҳои тиҷоратӣ ва хешу таборӣ табдил шудани муносибатҳои хизматиянд”. Генерал Мирослав Ниёзов меафзояд, ки баъд аз суқути ҳукумати Боқиев низому тартиб дар Қирғизистон ба ҳам рехт, бархе аз гурӯҳҳо ба ғорату яғмо шурӯъ карданд, баъзеҳо намуданд то ҳукуматҳои маҳаллиро таҳти назорат қарор диҳанд. Дар ин вазъ, ба гуфтаи ӯ, ҳукумат бояд талоши комилан таҳти назорат гирифтани авзоъро мекард. “Бояд ҳукумат ба масоили амниятӣ машғул мешуд, ва аммо онҳо рӯи тарҳи Қонуни асосӣ тамаркуз карданд. Яъне, вокуниши номутаносиб ба вазъи воқеӣ дар кишвар. Ва ин сабаби аслии ҳама хунрезиҳо дар кишвар гардид”, мегӯяд генерали қирғиз.

Гумроҳсозӣ - силоҳи абарқудратҳо

Генерал Абдулло Назаров ба он нукта ишора мекунад, ки мақомоти қудратии Қирғизистон аз ҳаводиси бист соли пеш дар Ӯш сабақ нагирифтанд ва аммо кишварҳои абарқудрат бо назардошти ҳамин гуна нозукиву ҳассосият ва ба хотири пойдор сохтани мавқеашон дар минтақа қартаи низоъи ӯзбакҳову қирғизҳоро гардон карданд.

Ва аммо чаро бархе гурӯҳҳо талош карданд, ки Тоҷикистонро ҳам вориди ин низоъ кунанд. Аз нигоҳи коршиносон, ҳадафи аслӣ – густариши низоъи Қирғизистон ба дигар кишварҳои минтақа ва аз ин роҳ ҳарчӣ бештар ноором кардани авзоъ ва фароҳам сохтани шароит барои таъсиси пойгоҳҳои нави низомӣ дар Осиёи Марказист. Абдулло Назаров мегӯяд, ки қаблан баъзе кишварҳои абарқудрат кӯшиш карданд, ки нооромиҳое амсоли ҳаводиси Қирғизистонро дар Тоҷикистон созмон диҳанд ва аммо муваффақ нашуданд.

Ба гуфтаи ӯ, “чун ҳукумати Тоҷикистон побарҷой ва қавӣ аст, онҳо натавонистанд, ки ин корро анҷом диҳанд”. Ва аммо, ба гуфтаи ӯ, абарқудратҳо аз ин ҳадафашон даст набардоштаанд. Онҳо “дезинформатсия” ё ахбори гумроҳкунанда паҳн мекунанд ва ба думболи он корҳои тахрибкоронаашонро ривоҷ медиҳанд. Ва расонаҳои таҳти амри онҳо пахши иттилоъи бидуни далел ва ғаразнокро идома медиҳанд. Ӯ бо ишора ба навиштаи ахири нашрияи “Алый парус” мегӯяд, “ман дар ҷанги шаҳрвандӣ умуман ширкат надоштам, ва дастам дар хун олуда нест... Навиштанд, ки гӯё ман ба Афғонистон фирор карда дар қароргоҳи муҷоҳидин панаҳ бурда бошам... Ман умуман ба ин кишвар нарафтаам, ҳатто баъд аз сулҳу субот ҳам боре дар сафари хизматӣ дар ин кишвар набудам”.

Интиқом барои мавқеъ?

Коршиноси тоҷик Саймуддин Дӯстов, ангушти иттиҳом сӯи Абдулло Назаров кардани расонаҳоро бо интиқом аз сӯи гурӯҳҳое рабт медиҳанд, ки амалҳои генерали тоҷик нороҳаташон мекард. Ба гуфтаи ӯ, “генерали тоҷик Абдулло Назаров аз он нафарҳоест, ки шурӯъ аз солҳои 90-ум бо андешаҳои озодихоҳона ва шояд бо намоиши гапнодаро буданаш боиси нороҳатии мақомоти КГБ-и собиқ ва ФСБ-и ҳозира буд ва акнун ба ин васила онҳо мехоҳанд дар сари ин генерал чормағз шикананд”.
XS
SM
MD
LG