Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи давои нави зуком


Барномаи навбатии «Илм ва фанноварӣ» ба улуми иҷтимоӣ, ки барои рушди ҷомеаҳо ниҳоят муҳим аст, бахшида шудааст. Дар ин барнома ҳамчунин як таҳқиқе баррасӣ мешавад, ки шояд роҳро барои дармони навъҳои кушандаи бемории зуком ҳамвортар мекунад.

Афзоиши таваҷҷӯҳ ба улуми иҷтимоӣ

ЮНЕСКО - Муассисаи илму фарҳанги Созмони Милал бо нашри як гузориши тақрибан 420 саҳифагӣ доир ба рушди улуми иҷтимоӣ дар ҷаҳон навиштааст, ки дар ин улуми муҳим чун пештара Амрикои Шимолӣ ва Аврупо тассалут доранд ва 85 дарсади маҷаллаҳои улуми иҷтимоӣ дар кишварҳои ин ду минтақа нашр мешавад ва сеяки онҳо дар Амрико, Бритониё, Ҳоллан ва Олмон рӯи чоп меомадаанд.

Аммо ҳоло Ҳинду Чину Бразилия низ аҳамияти бештаре ба ин анвоъи улуми ҷомеа медодаанд ва теъдоди маҷаллаҳои улуми иҷтимоӣ низ дар ин кишвар рӯ ба афзоиш доштааст. Таҳқиқот дар мавриди масоили иқтисодӣ ва равоншиносӣ назар ба дигар бахшҳои улуми иҷтимоӣ бештар будааст. Аммо дар кишварҳои шӯравии собиқ улуми иҷтимоӣ ба қавле вазъи риққатбор доштаанд, аз ҷумла дар Русия ҳам.

Ирина Бокова, мудири Муассисаи Илму фарҳанги Созмони Милал мегӯяд, таназзули улуми иҷтимоӣ бештар дар кишварҳое мушоҳида мешавад, ки ҷомеаҳояш ба хусус ба ҳамин улум мӯҳтоҷанд. Дар Тоҷикистон вазъ чӣ гуна аст. Масъалаи мазкурро бо Комил Бекзода, файласуфи шинохтаи тоҷик дар миён гузоштам ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки доир ба таваюҷҷӯҳ ба фалсафа дар Тоҷикистон бигӯяд.

Кашфи боз як хосияти фавқуллодаи бадани инсон

Ҷисми инсон подтанҳое меофарад, ки қодир ба маҳви вируси зукомҳои мухталиф аст ва дар сурати тақвияти ин подтанҳо имкон дорад, давои ягонаи бемориҳои зукомро пайдо кард.

Гурӯҳе аз донишмандони Донишгоҳи Висконсини Амрико ва ширкати Тераклон Сайенсез қароргоҳаш дар шаҳри Сиетлл мегӯянд, озмоишҳо нишон доданд, ки ин подтанҳо метавонанд, инсонро аз меъёри марговари вирус раҳо кунад. Ёширо Каваока, коршиноси донишгоҳи Висконсин ва Донишгоҳи Токио, ки дар пажӯҳиши мазкур ширкат кардааст, мегӯяд, “қудрати ин подтанҳо, ки мушҳои озмоиширо аз миқдори марговари вируси зуком халос кард, бисёр ташвиқкунанда аст.”

Ба гуфтаи ӯ, “чунин подтанҳо метавонад бахусус дар сурати хуруҷи бемориҳои нав, бахусус вирусҳои муқовими зуком муфид бошанд.” Бемории зукоми хук, ки то кунун дар саросари ҷаҳон доман мезанад, нахустин пандемияи беморӣ дар қарни 21-ро ба вуҷуд овард. Агарчӣ вируси ин беморӣ, навъи начандон марговари зуком аст, аммо назар ба афроди куҳансол, ҷавонону кӯдаконро мекушад. Дигар ин ки ба осонӣ хосияташро тағйир дода метавонад, ба вируси маргборе табдил ёбад.

Аммо зукоми маъмулии мавсимӣ ҳам ҳар сол аз кишварҳои дунё бе қурбонӣ гузар намекунад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, зукоми маъмулии мавсимӣ, солона аз 250 то 500 ҳазор нафарро мекушад. Донишмандон мегӯянд, имкон дорад, ки навъҳои нави вирусҳои марговар ҳар лаҳза дар байни инсонҳо роҳ ёфта ва қурбонии зиёде бигирад. Аз ҷумла бемории хатарноки зукоми мурғӣ, ки соли 2003 шуюъ кард ва тақрибан 500 нафарро кушт. Подтанҳои муқовими инсон ба вирусҳои зукомро, коршиносони ширкати хусусии Тераклон бо истифода аз абзоре ташхис кардаанд, ки подтанҳои нодир, вале муфидро нишон медиҳад.

Ширкати мазкур сипас бо донишмандон ҳамкорӣ намуда ва аз подтанҳои мавҷуд миқдори бештари онро ҳосил кардаанд. Баъдан ин подтанҳоро дар мушҳои озмоишӣ санҷидаанд. Подтанҳо ҳамон таркиби вирусро ҳадаф гирифтаанд, ки дар аксари вирусҳо ба назар мерасад ва хосияти худро ҳам зиёд тағйир надодаанд. Муаллифони пажӯҳиш навиштаанд, ки подтанҳои муфидро ба мушҳои озмоишӣ ворид карда ва сипас вирусҳои зукоми мурғӣ ва хукӣ ба онҳо сироят кардаанд. Аз 60 то 80 дар сади ин мушҳо аз чанголи бемориҳо раҳо шудаанд ва танҳо 10 дар сади мушҳои бебаҳра аз ин подтанҳо аз марг раҳидаанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон метавон, дар шароити озмоишгоҳӣ имкон дорад, нусхаҳои беҳтари чунин подтанҳоро офарида ва давои алтернативӣ алайҳи бемориҳои хатарноки зуком ихтироъ кард. То кунун чаҳор навъи доруҳои алайҳи зуком дар бозор вуҷуд дорад, аз ҷумла тамифлу, амантадин ва римантадин.

Вале аксаран вирусҳои мавсимии зуком ба доруҳои қадима муқовимат мекунад ва ё бояд тамифлуро дар зарфи ду рӯзи аввали беморӣ истеъмол кард, вагарна таъсир нахоҳад дошт. Аз ин рӯ олимон саъй доранд, то давоҳои нав алайҳи бемориҳои зуком пайдо кунанд. Ширкати Тераклон бо ширкати хусусии Зеняку Когйои Ҷопон қарордоди 18 миллион долларӣ дар мавриди тавлиди подтанҳои муфид имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG