Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати корӣ ба ҷои таҳсил дар донишгоҳ


Бисёре аз хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд мегӯянд, агарчи орзуи идомаи таҳсил дар донишгоҳҳоро доранд, вале бо сабаби камбуди молӣ маҷбур рӯ ба муҳоҷирати корӣ меоранд.

Акмал Улмасов як ҷавони 18-солаи шаҳри Хуҷанд аст, ки баъди ҳафт моҳи муҳоҷират аз шаҳри Маскави Русия баргаштааст. Акмал дар ҳоле ба сафи муҳоҷирони тоҷик пайваст, ки баъди хатми мактаби миёна ӯ бисёр мехост, чун дигар ҳамсолонаш донишҷӯи донишгоҳ шавад, вале талошҳояш дар назди масъулини донишгоҳ ва ҳам мақомот натиҷа надодаанд.

Акмал мегӯяд, дар шароити феълӣ ба назар мерасад, ки бидуни маблағи кофӣ ва воситае роҳ ёфтан ба саҳни донишгоҳ барои даҳҳо ҷавонон кори мушкил будааст:

«Соли гузашта синфи 11-ро дар мактаби рақами 5-и Хуҷанд хатм намудам ва ҳама ҳуҷҷатҳоямро барои дохил шудан дар донишгоҳ омода кардам, аммо барои дохил шудан 500 доллари амрикоӣ пурсиданд. Мо чунин миқдор маблағ надоштем. Падарам ду сол аст, ки дар муҳоҷиратанд, модарам дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд. Барои ҳамин ман ба муҳоҷират рафтам.»

Акмал, ки баъди хатми синфи 11 тӯли 7 моҳ дар муҳоҷирати Русия ба сар бурдааст, мегӯяд, аксари ҳамсолонаш бо ба даст гирифтани шаҳотатномаи мактаб ҳоло дар иҷрои корҳои сангини ҷисмонӣ дар берун аз кишварашон машғул ҳастанд.

Хайринисо Улмасова, модаркалони 63-солаи Акмал бо изҳори нигаронӣ мегӯяд, чун ӯ хонаводаҳе, ки нафақахур ҳастанд ва ё ҳеҷ узви оила дар сохторҳои давлатӣ кор намекунанд, ба таҳсили фарзандонашон дар донишгоҳҳо имконият надоранд. Вай мегӯяд:

«Ҳозир барои дохил шудан дар донишгоҳҳо пул талаб мекунанд. Набераам мактабро бо баҳои аъло хатм намуд, омӯзгорони мактаб ба хона омода ба ман тавсия намуданд, ки ӯро хононам. Акмалҷон ба ҳама идораҳо муроҷиат кард, ҳатто ба мақомот, аммо ягон натиҷа ҳосил нашуд, маҷбур ӯ ба Русия рафт».

Коҳиши шумори хонандагон дар Соли маориф


Вазъи бади иқтисодӣ дар хонаводаҳо ва аз ҷониби дигар вуҷуди ришваву миёнравӣ шавқи бештари ҷавонони тоҷик барои омӯзиш дар донишгоҳҳоро коҳиш додааст ва бисёриҳо бо ба даст гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаб, роҳи душвори муҳоҷиратро интихоб мекунанд.

Маҳкам Миркамолов, як масъули раёсати маорифи Суғд, мегӯяд, ки дар соли хониши имсола мактабҳои таҳсилоти умумии Суғдро беш аз 45 ҳазор хонандагони синфи 9 хатм намудаанд, ки аксари онҳо хоҳиши идомаи таҳсил надоранд. Вай мегӯяд:

«Соли ҷорӣ кулли мактабҳои вилояти Суғд ҳудуди 71 ҳазору 267 нафар хатм намуданд, ки аз шумор 45 ҳазору 328 нафар хонандагони синфи 9 ва 25 ҳазору 939 нафар хатмкардаҳои синфҳои 11 ҳастанд. Дар қиёс ба соли гузашта имсол шумори хатмкунандганои синфи 9 зиёд аст. ва шумори хатмкунандаҳои синфи 11 камтар аст».

Ин ҳам дар ҳолест, ки агар баъзеҳо мисли Акмал барои ҷустуҷӯи маблағи дохилшавӣ дар донишгоҳҳо берун аз кишвар ҳиҷрат кунанд, вале бисёре аз донишҷӯёни донишгоҳҳоро ҳоло вазъи бади иқтисодӣ ва пардохти маблағи донишгоҳ ба изтироб овардааст. Муродбек яке аз донишҷӯёнест, ки имсол курси севвуми Донишгоҳи Хуҷандро ба охир расонидааст. Бо Муродбек дар яке аз мардикорбозори Хуҷанд ҳамсӯҳхбат шудем ва ба гуфтаи ӯ, ду сол мешавад, ки мавсими таътилро дар ин гунна бозорҳои кор сипарӣ мекунад:

"Ҳар бегоҳ ба бозори кор мебароям. Баъзан кор пайдо мешавад ва баъзан не. Барои манзили иҷора, сару либос ва пардохти ҳаққи таҳсил барои донишҷӯ маблағ зарур аст, ман дар тӯли ду моҳи таътил дар ин ҷо пул карда, зиндагии худро таъмин мекунам".


Бекорӣ баъд аз хатми донишгоҳ

Шаҳнозаи Мӯъминзода, кормандони иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷавонон ва тамаддун» дар Хуҷанд, мегӯяд, аз он ки ҳоло вуҷуди ришват ба шакли системавӣ дар сохторҳои давлатӣ ба таври амиқ реша мегирад, ба назар мерасад, ки баъди панҷ соли хатми донишгоҳ ҳам аксаран мутахассисони ҷавон дар пайдо кардани кори муносиб мушкилӣ мекашанд ва чунин вазъ дар рушду пешрафти мутахассисони ҷавон дар ҷомеа латма мезанад:

«Барои як ҷавоне, ки дониши хуб дораду маблағи кофӣ надорад, дохил шудан дар донишгоҳ мушкил шудааст, зеро барои донишҷӯ шудан маблағҳои зиёд зарӯр аст. Ҳодисаҳое буданд, ки чанд тан аз наздикони ман ҳам, ки натиҷаи баҳои имтиҳони дохилшавиашон хуб хуб буд, аммо аз сабаби надоштани маблағ, дар донишгоҳ дохил нашуданд ва ҳоло бекор мегарданд».


Ба ин тартиб хонум Мӯъминзода мегӯяд, маъмулан теъдоди бештари ҷавонони тоҷик, ҳоло дар муҳоҷирати кишварҳои хориҷ ба сар мебаранд ва аксари онҳо солҳост, ки чандон хоҳиши бозгашт ба ватан ва орзӯи донишҷӯ шуданро надоранд.
XS
SM
MD
LG