G-20 мехоҳад аз маҷви дуюми бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ҷилавгирӣ намояд. Бар пояи омори Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд дар 31 кишвари пешрафтаи олам тахминан 46,5 миллион нафар бекор ҳастанд, яъне мизони бекорӣ дар муқоиса бо соли 2007-ум ду баробар боло рафтааст.
Ин ҷо мушкил танҳо камбуди шуғл нест. Ба қавли коршиносон бекории дарозмуддат боиси аз байн рафтани донишу малака мегардад ва коргарони бозгашта ба курсҳои омӯзишӣ эҳтиёҷ хоҳанд дошт. Аммо ҳукуматҳои мамолики саноатӣ дар татбиқи ин барномаи иборат аз ду паҳлӯ то кадом ҳудуд содиқ хоҳад монд?
"Кишварҳои пешрафта ӯҳдадор мешаванд"
Дар изҳороти ниҳоии нишасти Торонтои Канада кишварҳои узви гурӯҳи ба истилоҳ G-20 ӯҳдадор шуданд, ки то соли 2013 -ум касри буҷҷетҳояшонро то 50 дар сад коҳиш дода, то соли 2016 муваффақ шаванд, ки қарзашон аз тавлиди нохолиси миллӣ бештар набошад.
Дар айни замон 20 кишвари саноатии олам мувофиқат кардаанд, ки сиёсати пуштибонӣ аз рушд, яъне стимулус ё худ таъмини сармоя барои наҷоти муассисаҳои қарздорро идома диҳанд.
Президенти ИМА Бараа Обама гуфт, коҳиши аз ҳад зиёди буҷҷет метавонад эҳёи баъдибӯҳронии иқтисодҳоро аз байн бурда, оламро бори дигар ба рукуди иқтисодиву молӣ рӯбарӯ кунад.
Вале кишварҳои аврупоӣ Юнонро мисол оварда, таъкид карданд, ки коҳиши касри буҷет худ як роҳест барои наҷот аз бӯҳрону варшикастагӣ.
Ҳамчунон G20 аз кишварҳои олам даъват кард, ки қурби пулҳои миллиашонро каме озодтар намоянд, то монеаи рушди муназзам рафъ гардад. Ин даъват аз Чин буд, зеро қурби аз тарафи ҳукумат поиншудаи юан моли Чинро дар бозорҳои олам серхаридор ва содирот ба ин кишварро номуносиб кардааст.
Сар аз рӯзи душанбеи 28 июн Бонки Мардумии Чин қурби юанро каме боло бард ва акнун як доллари Амрико ба тахминан 6.8 юан мусовӣ шудааст.
Чин талаботи кишварҳои саноатиро қисман пазируфт
Дар ҳоле, ки коршиносон мегӯянд, ҳанӯз ҳам дар муқоиса бо нақдинаи кишварҳои дигар пули миллии Чин аз қурби воқеиаш аз 24 то 40 дар сад поинтар аст, сарвазири канада Стивен Ҳарпер ба иқдоми Чин баҳои баланд дод.
Ӯ гуфт: "Ин изҳорот кишварро водор мекунад, ки қурби табодулро озодтар намояд. Тавре мо медонем, дар арафаи ин нишаст ба хусус Чин чунин ӯҳдадориро бар дӯш гирифт. Ман бовар дорам, Чин ӯҳдадориашро иҷро мекунад. Зеро вақте кишвар дар саҳнаи ҷаҳонӣ қавл медиҳад, одатан ба вақавлаш вафо мекунад."
Дар нишасти G20 президенти ИМА таваҷҷӯҳро ба мушкили нимҷазираи Корея ҷалб намуд.
Даъвати Амрико аз Чин дар бораи Корея
Барак Обама аз раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао тақозо кард, ки амалкардҳои Кореяи Шимолиро нодида нагирад.
Ӯ гуфт: "Ба фикрам дар вазъи феълӣ президенти Кореяи Ҷанубӣ ҷаноби Лӣ ба қадри кофӣ таҳаммул нишон дод. Хеле муҳим аст, ки аҳли олам низ аз кирдори Кореяи Шимолӣ нороҳат буда, мехоҳад ба ин кишвар паёме расонад, ки Кореяи Шимолӣ бояд рафторашро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кунад."
Чин сарпарасти асосии Кореяи Шимолӣ дар масъалаҳои иқтисодиву дипломатӣ мебошад.
Вақт нишон хоҳад дод
Аммо боз ҳам аз нишасти G-20 дар Торонто, ки дар он баҳс коҳиши буҷет ва барномаи дастгирии молии иқтисодҳоро дар бар гирифт. Қисме аз кишварҳо ва иқтисодшиносони байналмилалӣ иброз доштанд, ки поин бурдани мафоди бонкӣ, наҷоти ширкатҳову бонкҳои варшикаста бо пули ҳукуматӣ имкон дод, ки то ҳадде рукуди иқтисодӣ бартараф гардад, вале ин имкон истифода шуд.
Вале ИМА ва гурӯҳи дигари иқтисоддонҳо аз он нигарон буданд, ки аз байн бурдани дастгирии молии бонкҳову ширкатҳои ниёзманд метавонад эҳёи иқтисоди ҷаҳониро мутваққиф кунад.
Билохира дар Торонто созише ҳосил шуд, ки ҳар ду ҷониби баҳсро қонеъ намуд. Акнун вақт нишон медиҳад, ки ҳақ бар ҷониби кист.