Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон созишномаи ҳавопаймоӣ бо Тоҷикистонро бекор кард


Узбакистон созишномаҳои марбут ба парвози ҳавопаймоҳо аз фарози қаламрави худро, ки дар соли 1993 бо Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расонда буд, бознигарӣ мекунад.

Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, ин қарордоди бо Тоҷикистон аз 26 -уми июн беэътибор шудааст.

Нашрияҳои давлатии Узбакистон аз қавли манобеъи худ дар мақомот хабар медиҳанд, ки тарҳи созишномаҳои нав омода шуда, аз ҷумла чунин тарҳ ба Қирғизистон фиристода шудааст.

Дар бораи тарҳи қарордод бо Тоҷикистон гуфта мешавад, он дар ҳоли омода шудан аст, аммо қарордоди дуҷонибаи соли 1993 сар аз 26-уми июни соли 2010 беэътибор эълон шудааст.

Ин манбаъҳо гуфтаанд, ки тарҳи нави Созишномаи ҳавонавардӣ бо Тоҷикистон аз сӯи вазоратҳои марбутаи Узбакистон ба имзо расидааст ва ба зудӣ қарор аст онро ҳукумати ин кишвар низ тасдиқ кунад.

Ҷониби Узбакистон гуфтааст, ки ин тағйирот ба Созишномаи ҳавонавардӣ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, конвенсияи Чикаго дар мавриди "Хадамоти ҳавопаймоӣ" сурат гирифтааст.

Дар бораи ҷузъиёти дигаргуниҳо дар сиёсати ҳавонавардӣ дар қаламрави Узбакистон иттилоъ дода нашудааст. Танҳо зикр гаштааст, ки ҳар давлат аз ҳаққи комил ва истисноӣ ба ҳарими ҳавоии худ бархӯрдор аст.

Ба назари коршиносон, акнун бо ҷорӣ кардани шароити нави парвозҳо аз қаламрави худ, Узбакистон имкон хоҳад дошт, ки дар парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон халал ворид кунад.

Аммо маълум нест, ки Тоҷикистон ин ислоҳоти ин созишномаро қабул хоҳад дошт ва ё роҳҳои нави парвоз барои худ ҷустуҷӯ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG