Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Емерсон: "Шояд навбати Тоҷикистон бошад"


Оё имкони густариши низоъи Қирғизистон дар минтақа вуҷуд дорад? Майкл Емерсон, коршиноси Маркази пажӯҳишҳои сиёсии Аврупо мегӯяд, ин имкон вуҷуд дорад ва Тоҷикистон баъд аз Қирғизистон осебпразиртарин кишвари минтақа мебошад.

- Шумо ба ин андеша мувофиқ ҳастед, ки муноқиша дар Қирғизистон як бахши хурди низоъи эҳтимолии васеъ дар Осиёи Марказӣ аст?

- Оре ман ба ин гуфта мувофиқам. Бо назардошти чаҳҳороҳаи водии Фарғона, ки дар он ӯзбаку қирғизҳо ва тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд, муттаасифона дар ин минтақа омилҳои зиёди муноқишаҳои эҳтимолии ба ҳам пайваста вуҷуд дорад. Мо панҷ сол пеш шоҳиди ошӯбҳои Андиҷон будем ва ҳоло шоҳиди Қирғизистон ва кӣ медонад, ояндааш кадом аст.

- Он омилҳое, ки шумо гуфтед, кадом аст?

- Пеш аз ҳама айби Сталин аст, ки нақшаи аҳмақонаи водии Фарғонаро кашид, ки ин нақша худаш воқеан мушкилофар аст. Дуввум ин мушкилоти иҷтимоӣ ва шароити воқеан сахти зиндагӣ дар минтақа аст, ки албатта норизоятӣ ва нооромӣ бармеангезад. Саввум ин низомҳои сиёсии худкомаи минтақа аст, ки барои аққалиятҳои мухталиф майдони сиёсӣ намегузоранд ва ҳамаи ин хашму норизоиятии пинҳонро ба вуҷуд меорад. Ин се омил, таърих, сиёсат ва шароити иқтисодӣ ҳама дар як деги заминаҳои нооромӣ меҷӯшанд.

- Аммо дар кишварҳои минтақа, матбуоти маҳаллӣ иддаъо мекунанд, ки низоъи байни қирғизҳову ӯзбакҳо дар ҷануби Қирғизистон кори дасти омилони хориҷист ва аз ҷумла худи Ислом Каримов раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ҳам ба ин чиз ишора кардааст.

- Афроди зиёде вазъи мавҷудро таҳлил мекарданд ва ба андешаи ман далели аёни даст доштани омилони хориҷӣ мушоҳида нашудааст. Як истидлоли маҳсус дар қазияи Қирғизистон ҳамин аст, ки тарафдорони Қурмонбек Боқиев, аз барангехтани нооромӣ манфиатдор буданд. Шояд онҳо ҳаминро шурӯъ карда бошанд ва ин фурсати муносибро барои идомаи нооромӣ муҳаё мекунад. Вақте мардум мебинанд, ки дар ингуна шароит ғоратгарӣ, фурсати судовар мешавад, онгоҳ мардум мегӯянд, рафтем биёед мегирем.

Мо инро дар шаҳри Бишкек ва баъдан дар Ӯшу Ҷалолобод дидем. Баъдан ғоратгарӣ ба унсурҳои низоъҳои қавмӣ мепечад. Ман бовар надорам, ки ин низоъро воқеъан ва қотеъона аз тарафи қудратҳои берунӣ раҳандозӣ карда бошанд. Ман омили Боқиевро ишора кардам ва бовар надорам, ки Ӯзбакистон ҳам дар инҷо васила бошад. Ӯзбакистон дар минтақаи Ош корҳои аҷибу ғариби зиёде мекард ва мутмаинам, ки шумо ҳам медонед, ки маъмурони хадамоти махсусаш дар онҷо роҳ ёфта буданд. Аммо бовар надорам, ки он василаи барои барангехтани низоъи ахир буд.

- Кадоме аз кишварҳои минтақа баъд аз Қирғизистон осебпазиртар аст?


- Албатта шояд навбати Тоҷикистон бошад, агарчӣ бояд гуфт, ки дар ин кишвар сатҳи муайяни гуногунандешӣ вуҷуд дорад. Онҳо ҷанги ваҳшатноки шаҳрвандӣ доштанд ва қисман дар баробари муноқишаҳо масуният доранд ва ё моякӯбӣ шудаанд. Онҳо муноқишаро дӯст намедоранд ва аз он безоранд. Баъдан Ӯзбакистон осебпазиртар аст. Режими Ӯзбакистон яке аз табъизгартарин режимҳои минтақа аст ва мо дидем, ки дар Андиҷон чӣ шуд. Фишор ба режими Каримов бисёр ҷиддӣ аст.

- Шумо гуфтед, ки Тоҷикистон баъд аз Қирғизистон осебпазиртар аст? Чаро?

- Шароити иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон воқеан бисёр бад аст. Ин воқеъият, як мушкили бисёр ҷиддӣ мебошад. Тавре ман ишора кардам, онҳо як ҷанги ваҳшатнокро дар солҳои 1990 пушти сар карданд ва ҷароҳатҳои он ҷанг ҳанӯз дуруст шифо наёфтаанд ва аз ин рӯ вазъи Тоҷикитстон пешгӯинашаванда аст.

Тавре худи шумо ҳам гуфтед ва дигар таҳлилгарону сиёсатмадорони Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки ҷанги харобиоваре, ки тоҷикон доштанд, мисли ваксина аз муноқишаҳои эҳтимолии нав аст. Ва ин ҳам ҳаст, ки бисёре аз мардум дар Тоҷикистон бо вуҷуди зиндагии машшақатбор, шодмонанд, ки сулҳу субот доранд.

Ман ба ин андеша мувофиқам ва онро зикр кардам, вале бо вуҷуди ин вазъ пурмухотира аст ва ба далели шароити зиндагӣ, ки таҳти фишори афзоянда қарор гирифтааст. Ба ғайр аз масоили иҷтимоиву қавмӣ дигар масъалаи мушкили тақсими об аст, ки метавонад як омили барангезандаи на низоъи байниқавмӣ, балки низоъи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистону Қирғизистон шавад.

- Аммо бозигарони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз доман задани низоъ Қирғизистон ва ҳамчунин дар минтақа чӣ кореро метавонанд, анҷом бидиҳанд?

- Ман мехостам, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки раҳбараш Қазоқистон аст, ташаббусро ба даст мегирифт ва ба минтақа ягон навъи гурӯҳи миёнарав ва посдори сулҳро мефиристод. Воқеъан ин бисёр ҳайратовар ва маъюскунанда аст, ки Қазоқистон ба ҳайси раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хомӯшии комилро ихтиёр кардааст.

Дигар аз ҷанбаи муҳим ва бунёдӣ ба Русияву Чин вобаста аст, ки аз режимҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ҳимоят мекунанд ва бо ин андеша, ки ҳимоят аз суботи режимҳои худкома барои субот дар минтақа хуб аст. Аммо ингуна таҳлили сиёсӣ, зоҳиран чандон эътимодбахш набудааст.

Ингуна режимҳои худкомаи табъизгар бесуботӣ меофаранд ва мо шоҳиди намунаи возеҳи он шудем. Аз ин рӯ, Чин аз субот дар минтақа ва иртиботи байниқавмӣ ва фаромарзии он масалан ба ӯйғурҳо ва Ғарби Чин нигарон аст, пас бояд дар мавриди сиёсатҳои худ андеша кунанд, аз ҷумла ҳимояти сиёсӣ аз ин гуна режимҳоро.
XS
SM
MD
LG