Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари таваллуди кӯдак аз роҳи ҷарроҳӣ


Донишмандони амрикоӣ ошкор кардаанд, ки таввалуди табиӣ навзодонро дар баробари бемориҳои роҳҳои нафас ва пӯст муқовим мекунад. Аммо кӯдаконе, ки аз роҳи ҷарроҳӣ берун оварда шудаанд, аз ин бартарӣ маҳрум будаанд.

Ба гуфтаи донишмандони Донишгоҳи Стандфорди Амрико, ҳангоми таввалуди табиӣ, бадани кӯдак таҳти таъсири ҳазорон бактерияву вирусе қарор мегирад, ки баъдан дар тақвияти масунияти бадани навзод кӯмак мекунанд. Аммо дар сурати ҷарроҳӣ, навзод аз ин навъ бактерияҳои муфид бебаҳра монда, дар баробари бемориҳои дармоннопазири пӯст ва роҳҳои нафас осебпазир мешавад.

Ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин кишвар аз миёни 200 ҳазор таваллуд, 2,6 дарсади онҳо аз роҳи ҷарроҳӣ сурат мегирад. Гулбаҳор Ашӯрова, раҳбари бахши вазорати беҳдошти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, таввалуд аз роҳи ҷарроҳӣ дар кишвар бисёр кам аст: “Дар Тоҷикистон таввалуд бо усули ҷарроҳӣ кам аст, зеро занони тоҷик бо як фарзанд қонеъ намешаванд. Занҳои тоҷик камаш се ё чаҳор фарзанд мехоҳанд ва аз ин рӯ таввалуди табииро бартарӣ медиҳанд.”

Ба гуфтаи Гулбаҳор Ашӯрова, ба дунё овардани фарзанд аз роҳи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон танҳо дар сурати таҳдиди хатар ба модарон сурат мегирад ва хоҳишмандони ҷарроҳӣ низ зиёд нестанд.

Зарфи шир - сарчашмаи беморӣ?

Донишмандон ва созмонҳои байналмилалии беҳдоштӣ аз ниҳоди назоратии Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, то масъалаи вуҷуди як таркиби зиёновари кимиёвӣ дар зарфҳои пластикиро арзёбӣ кунад. Ба гуфтаи 60 донишманд аз 15 кишвар, Бисфенол –Эй, ки дар зарфҳои пластикии ширу дигар маводи ғизоӣ фаровон истифода мешавад, барои сиҳатии инсон хатарнок аст.

Таҳқиқоти ахир иртиботи Бисфенол ба хатари гирифторӣ ба бемориҳои дил, саратони сина ва бемории қандро ошкор кардааст. Дар сурати таъйид шудани таҳқиқот Ниҳоди назорат бар маводи ғизоии Аврупо ҳақ дорад, истифодаи Бисфенолро мамнӯъ кунад.

Хуруҷи бемории фалаҷи атфол, дар Тоҷикистон порлумони кишварро водор кард, то Қонун дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятиро қабул кунад. Ҷумъабой Сангинов, вакили мардумӣ ва яке аз муаллифони қонун ба Маҷаллаи илму фанноварӣ гуфт, хуруҷи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон баъди тақрибан як даҳсола, вуҷуди камбудӣ дар низоми ваксинзанӣ дар кишварро ошкор кард ва аз ин рӯ зарур буд, то қонуне дар ин замина қабул шавад. Фалаҷи атфол, ки моҳи апрел хуруҷ кард, ба бештар аз 180 нафарро дар Тоҷикистон бемор кардааст. Ҷузъиёти бештарро дар ин бора дар идомаи барнома мешунавем.

Табиатшиносони амрикоӣ ошкор кардаанд, ки маймунҳои шимпанзе барои васеътар кардани қаламрави сукунати худ, бо маймунҳои ҳамсояқаламравҳояшонро меҷанганд ва онҳоро бераҳмона мекушанд. Биологҳо аз дер боз медонистанд, ки рафтори бераҳмонаи шимпанзеҳо танҳо мавориди алоҳида нест ва таҳқиқоти ахир нишондиҳандаи аёни амалкарди донистаи ин бӯзинаҳои одамвор мебошад.
XS
SM
MD
LG