Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони пауэрлифтинги Тоҷикистон


Адолат Хуҷамқулова, қаҳрамони пауэрлифтинги Тоҷикистон
Адолат Хуҷамқулова, қаҳрамони пауэрлифтинги Тоҷикистон

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 60 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби шаҳри Қӯрғонтеппа мақоми аввалро касб кард. Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе дар ҷои дуввум ва тими шаҳри Хуҷанд дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон варзишгарони Қӯрғонтеппа Салим Ҳасанов (52 кг), Рустам Назаров (60 кг), Илҳом Шукуров (67,5 кг), Мурод Мирзохолиқов (100 кг) ва Воҳид Амиров (110 кг) дар вазни худ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукфофотонида шуданд.

Ду варзишгари душанбегӣ Беҳрӯз Сафаров (75 кг) ва Солеъ Самиев (82,5 кг), инчунин, Баҳодур Баҳодурови хуҷандӣ (125 кг), Дадаҷон Раҳимов (56 кг), аз шаҳри Чкалови вилояти Суғд, ва Қурбоналӣ Муҳибов (90 кг), аз ноҳияи Шаҳринав, мувофиқи вазни худ ғолиб шуданд. Қурбоналӣ Муҳибов, инчунин, қаҳрамони мутлақи Тоҷикистон гардид.

Дар сабқати варзишгарони маълул байни мардон Парвиз Одинаеви душанбегӣ ба унвони қаҳрамони мутлақи Тоҷикистон мушарраф шуд. Вай, ҳамчунин, дар вазни 75 кг натиҷаи беҳтарин нишон дод.

Дар ду вазни дигар Илҳом Турсунови хуҷандӣ (52 кг) ва Хайрулло Абдураҳимови душанбегӣ (67,5 кг) ғолиб омаданд.

Дар сабқати варзишгарони маълул байни занон варзишгарони шаҳри Душанбе Рухшона Назарова (52 кг), Зайтуна Розиқова (56 кг) ва Адолат Хуҷамқулова (60 кг) дар вазни худ ҷойҳои аввалро гирифтанд.
XS
SM
MD
LG