Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Словения дар Ҷоми ҷаҳонӣ бар Алҷазоир пирӯз шуд


Бозии байни тимҳои Алҷазоиру Словения дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи Словения анҷом ёфт.

Тӯби ягонаро дар ин рақобат Корен дар дақиқаи 79-ум бо истифода аз иштибоҳи дарвозабони Алҷазоир Фавзӣ Чочӣ зад.

Бозии дигар дар ин гурӯҳ рӯзи шанбе байни Амрикову Инглистон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид ва Словения ба ин тартиб дар гурӯҳи С пешсаф шуд.

Имрӯз ҳамчунин ҳарду бозии даври аввал дар гурӯҳи Д доир мешавад. Олмон бо Австралия ва Сербия бо Ғана вориди рақобат хоҳанд шуд.

Амрико - Инглистон 1:1, Аргентина - Найҷерия 1:0


Рӯзи шанбе бозии байни тимҳои Амрикову Инглистон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Тӯбҳоро дар ин рақобат Стивен Ҷеррард ва Клинт Демпсӣ заданд.

Кореяи ҷанубӣ бар Юнон бо натиҷаи 2 бар 0 ва Аргентина бар Найҷерия бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуданд. Имрӯз Словения бо Алҷазоир, Олмон бо Австралия ва Сербия бо Ғана ба дидори ҳам хоҳанд рафт.

Бозиҳои аввали Ҷоми ҷаҳонӣ

Ду бозии нахустини сабқати Ҷоми ҷаҳон дар Африқои Ҷанубӣ, ки миёни дастаҳои мизбон ва Мексика ва ҳамчунин Фаронса ва Уругвай сурат гирифт, бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 бегоҳи рӯзи 11-уми июн, соати 19 ба вақти Душанбе, бо бозии тими Африқои Ҷанубӣ - мизбони мусобиқот ва мунтахаби Мексика дар шаҳри Йоханнесбург, дар варзишгоҳи Soccer City Stadium, шурӯъ шуд.

Ин бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ҳарду гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Тшабалала, бозигари мизбонон дар дақиқаи 55-ум бо зарбаи сахт бо пои чап тубро ба кунҷи болоии дарвозаи дастаи Мексика зада, ҳисобро боз намуд. Баъди 24 дақиқа Маркес, бозигари Мексика, тубро аз масофаи наздик, аз назди дарвоза ба нишон расонд ва ҳисобро баробар кард.

Сардовари ин бозӣ Равшан Эрматов аз Узбакистон буд.

Бозии дигари гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Уругвай ва Фаронса бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Бад-ин тартиб ҳарчор дастаи гурӯҳи "А" якимтиёзӣ ба даст оварданд.

Рӯзи 12-уми июн ду бозии гурӯҳи "В" баргузор хоҳад шуд. Соати 16.30 бо вақти Душанбе дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Юнон, соати 19.00 бо вақти Душанбе тимҳои миллии Аргентина ва Нигерия қувваозмоӣ мекунанд.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат дорад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Нахустин қаҳрамони ҷаҳон Уругвай (соли 1930) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Итолиё (2006) мебошанд.
XS
SM
MD
LG