Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кунгураи фавқулоддаи AFC


Рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Йоханнесбурги Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар арафаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар ин ҷо 11-уми июн бо бозии тими мизбон ва мунтахаби Мексика шурӯъ хоҳад шуд, кунгураи фавқулоддаи Конфедеросиюни футболи Осиё доир гашт.

Дар ин кунгура ҳудуди 150 намояндаи 45 кишвари қора ширкат варзиданд. Аз ҷумла Тоҷикистонро Валерий Турсунов, ноиби президенти Федеросиюни футболи кишвар ва Шералӣ Давлатов, дабири кулли ин Федеросиюн, намояндагӣ карданд.

Дар кунгураи Конфедеросиюни футболи Осиё ба Оинномаи AFC баъзе тағйироту иловаҳо ворид шуданд.

Кунгураи Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA) дар шаҳри Йоханнесбурги Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ рӯзҳои 9-ум ва 10-уми июн баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG