Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали гуштигирони тоҷик дар Итолиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии юнониву румӣ ё фарангӣ дар Итолиё ду медал – як тилло ва як нуқра ба даст оварданд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Узви дастаи Тоҷикистон Маҷнуна Комилова дар сабқати занон дар вазни то 59 кг мақоми аввалро касб кард. Паҳлавони маъруфи тоҷик Ҳабибулло Абдуллоев бошад, дар сабқати мардон дар вазни то 96 кг ҷои сеюмро соҳиб шуд».
XS
SM
MD
LG