Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Тошканд


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбои варзишӣ байни мардон, ки дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд баргузор шуд, ду медали тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар беш аз 30 нафар дохиланд, ки онҳо дар ду навъи гуштӣ– самбои варзишӣ ва самбои ҷангӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Дар мусобиқаи мардон дар навъи самбои варзишӣ Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни то 100 кг мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло мукофотонида шуд. Набимуҳаммад бар гуштигриони Ҷопон, Русия ва Узбакистон ғолиб омад ва дар сабқати ниҳоӣ варзишгари Ҳиндустонро мағлуб намуд.

Инчунин паҳлавони дигари тоҷик Нурулло Неъматов, ки дар вазни +100 кг дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи Эрон пирӯз шуд, бо медали тилло сарфароз гашт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Айниддин Қурбонов дар вазни то 52 кг дар ҷои сеюм қарор гирифт ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Сабқати қитъавӣ оид ба самбои варзишӣ байни занон ва навҷавонон ҷараён дорад. Рӯзи охирини мусобиқа, 4-уми июн, гуштигирон дар навъи самбои ҷангӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG