Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ қазияи "одамфурӯши"-ро сиёсӣ медонад


Бахши минтақавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб бархе аз иттиҳомот алайҳи раиси ин ҳизб дар ноҳияи Восеъро рад мекунад.

Мақомоти интизомӣ Абдуфаттоҳ Абдухолиқов, раиси ин ҳизб дар ноҳияи Восеъро, дар қочоқи ду зан гумонбар медонанд.

Қазияи сиёсӣ?

Муҳаммадшариф Набиев, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, бо пахши як изҳорот ин амалкарди мақомотро амали сиёсӣ унвон кард: “Ин аслан як кори хеле хурд аст, вале дар симои ҲНИТ онро ҳангома мекунанд. Аз сӯи дигар, танҳо додгоҳ, агар холис бошад, метавонад гунаҳкории як касро эълон кунад, на ин ки як шӯъбаи милиса. Мо бо додситону муфаттиш сӯҳбат доштем, онҳо мегӯянд, ҳоло ҳеҷ далеле дар мавриди қочоқи инсон вуҷуд надорад. Пеш аз ҳалномаи додгоҳ овоза кардани ин корро мо як амали сиёсӣ медонем”.

Аммо Давлат Наҷмиддинов, сардори шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар минтақаи Кӯлоб, ҷанбаи сиёсӣ додани ин амалкардро хандаовар хонд. Вай мегӯяд, то замони боздошт онҳо намедонистанд, ки ин нафар як фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Гузашта аз ин, ба қавли ӯ, кормандони шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил тамоми далелу арқом барои гумонбар донистани Абдуфаттоҳ Абдухолиқовро рӯи даст доранд. Инчунин, гумонбаршуда хатти баёнот додааст.

“Амали кӯчак, на одамфурӯшӣ”

Муҳаммадшариф Набиев, раиси минтақавии ин ҳизб, мегӯяд, воқеан Абдуфаттоҳ Абдухолиқов иштибоҳе кӯчаке содир кардааст, аммо ба ҳеҷ сурат наметавон амали ӯро одамфурӯшӣ унвон кард. Ба қавли ӯ, ин иштибоҳе нест, ки боиси ин қадар сарусадо дар ҷомеа гардад. Ӯ мегӯяд, Абдухолиқов пеш аз оне, ки раиси ҳизб бошад, як шаҳрванди оддӣ аст ва набояд дар симои ӯ ҳизбро бадном кард.

Аммо мақомот мегӯянд, дар ин кор Абдухолиқов танҳо даст надорад. Ҳоли ҳозир онҳо дар нисбат ба як ходими мизи шиносномадиҳӣ, ки ба ин духтари ноболиғ шиноснома додааст, тафтишот мебаранд.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар сурати исбот шудани ин ҳама далоил эҳтимол дорад раиси бахши восеъгии Ҳизби наҳзати ислом аз 8 то 12 сол ҳабс шавад. Феълан, Абдуфаттоҳ Абдухолиқов, бо шарти набаромадан аз маҳалли зист дар озодӣ ба сар мебарад, вале аз фишори мақомот болои худу аҳли хонавода ва дигар наздиконаш шиква мекунад.

Ноболиғ бар ивази 500 доллар

Абдуфаттоҳ Абдухолиқов дар кўшиши фурўхтани як духтари 16-сола гумонбар дониста мешавад. Давлат Наҷмиддинов, сардори шўъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар минтақаи Кўлоб, мегўяд, моҳе қабл Абдухолиқов бо ҳамроҳии як узви дигари ин ҳизб, талош кардаанд, то П. С., духтари ноболиғ, сокини ин шаҳрро, аз модараш харидорӣ намуда, ба Русия интиқол диҳанд. Ба гуфтаи ў, барои харидории ин духтар Абдухолиқов ба модари духтар 500 доллари амрикоӣ пардохт кардааст.

Ҷаноби Наҷмиддинов мегўяд, ҳамчун далел аз Абдухолиқов шиносномаи духтар ва чиптаи ҳавопаймои самти Душанбе-Екатеринбург, ки ҳамон шаб бояд парвоз мекарданд, дарёфт шудааст ва ҳоло, бо моддаи одамфурушӣ, дар прокуратураи минтақа парванда боз шудааст.

«Ҳадаф бунёди оила, маблағ маҳр буд»


Раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ иттиҳомот алайҳи худро рад мекунад. Вай мегўяд, ин духтар бо ў хешу таборӣ дорад ва онҳо танҳо бо мақсади аз роҳи бад баргардонидани ин духтар бо нияти нек тасмим доштанд, то ўро ба Баҳор ном як мусалмон дар Русия, ки аз ҳамсари нахустинаш фарзанддор нашудааст, ба шавҳар диҳанд. Ба қавли ў, модар ва духтар ба ин кор розӣ буданд ва дар ин кор ҳеҷ далел барои гунаҳкор кардани онҳо вуҷуд надорад.

Ҷаноби Абдухолиқов мегӯяд, мақсадашон бунёд кардани оила буд, на чизи дигар ва пули ба модари духтар додашуда ҳамчун маҳр ва ҳамчун кўмак буд.

Аммо Давлат Наҷмиддинов мегўяд, далелу арқоми зиёд мавҷуд аст, ки ин афрод дар одамфурўшӣ даст доранд. Ба гуфтаи ў, дар натиҷаи кофтуков онҳо дақиқ кардаанд, ки қаблан духтари дигари ин хонадон бо номи О. С. низ ба марде бо тахаллуси «Шайх» дар Қазоқистон бо маблағи 200 доллари амрикоӣ фурўхта шуда будааст. Ҳоли ҳозир, духтари дуввуми ин хонадон аз Қазоқистон баргардонида шудааст.

Модари духтар мегӯяд...

Тоҷӣ Валиева, модари ин ду духтар: «Зиндагии ману шавҳарамро 33 сол шудааст ва шавҳарам собиқаи 28 солаи маҳбусӣ дорад. Ман 7 фарзандро бо хуни ҷигар калон кардам. Ба хотири ба роҳи бад нарафтан розӣ шудам, ки ба як бандаи мусалмон шавҳараш диҳам. Агар чунин накунам, метарсам, ки ба роҳи бад мераванд».

Чаро ҲНИТ ҳадаф қарор гирифтааст?

Дар гузашта низ бархе аз мақомҳои баландпояи ҲНИТ бо иттиҳомоте аз ин қабил рӯбарӯ ва зиндон шуда буданд. Аз ҷумла, Қосим Раҳимов, узви раёсати ин ҳизб бо чанд ҷурм аз ҷумла, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси як ноболиғ зиндон шуда буд, ки то кунун дар зиндон ба сар мебарад.

Инчунин, Шамсиддин Шамсиддинов, муовини раиси ҲНИТ низ бо чанд банди қонуни ҷиноӣ маҳкум шуда буд, ки дар зиндон даргузашт.

ҲНИТ дар интихоботи порлумонии моҳи феврал ба гуфтаи масъулони он бештарин овози интихобокунундагонро дарёфт карда буд, аммо ба гуфтаи мақомоти он масъулини интихобот ин орои ҲИНТ-ро ба нафъи ҳизби ҳоким тақаллуб карданд.
XS
SM
MD
LG