Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишнома бо Эрон дар бораи экстрадитсия


Дар ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон як созишнома байни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи истирдоди афроди муттаҳам ба тасвиб расид. Тарҳи ин созишнома қаблан дар ҷараёни боздиди Маҳмуди Аҳмадинажод аз Душанбе пешниҳод шуда буд.

Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон, тасвиби ин санадро барои осон кардани раванди баррасии парвандаҳои ҷиноии афроди муттаҳамшуда, ки дар ин ё он кишвар паноҳ мебаранд, муҳим арзёбӣ кард.

Вале вай гуфт, то ҳол ягон иттилое дар мавриди он, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон паноҳ бурда бошанд, вуҷуд надорад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва вакили парлумон, мегӯяд, тасвиби чунин як созишнома дар равобити байни кишварҳо як санади маъмулӣ ва зарурист ва дар оянда эҳтимоли сар задани чунин иттифоқоте вуҷуд дорад.

Вай гуфт, то ба ҳол ҳадди ақал аз сӯи Тоҷикистон ба Эрон дар мавриди экстрадитсия дархосте нашудааст, вале шояд чунин дархостҳо аз сӯи Эрон ироа шуда бошад ва набуди чунин як санади ҳуқуқӣ сабаби тасмими қабули ин созишнома шудааст.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки афроди дар ҷанги шаҳрвандӣ дастдошта яке аз ҳадафҳои аслии қабули ин созишномаанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, «ман фикр намекунам, ки ин созишнома робитаи мустақим ва ё ғайримустақиме ба ҳаводиси ҷанги дохилии Тоҷикистон дошта бошад, зеро дар яке аз бандҳои он омадааст, ки ин санад ба касони дар пайгарди ҳуқуқии марбут ба ҷиноятҳои сиёсӣ ва низомӣ буда дахл надорад».

Бино ба иттилои раҳбари ҲНИТ, феълан ҳеҷ як аз афроде, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ даст доранд, дар Эрон ба сар намебаранд. Ва тоҷикони муқими ин кишвар асосан иборат аз донишҷӯён ва намояндагони дипломатиянд.
XS
SM
MD
LG