Дилшод Назарови 28-сола, раиси Федеросиюни варзиши сабуки Тоҷикистон, дар мусобиқаи пурнуфуз бо номи «Ostrava Golden Spike», ки дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, гурзро ба дурии 78 м 69 см ҳаво дода, мақоми дуввумро касб кард. Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 79 метру 15 сантиметр ғолиби ин сабқат шуд.
Дилшод Назаров дар мусобиқаи байнулмилалии «Fanny Blankers-Koen Games» дар шаҳри Ҳенгелои Ҳолланд бо натиҷаи 78 метру 29 сантиметр бо медали нуқра сарфароз гашт.
Сергей Литвинов, аз Олмон, бо натиҷаи 78 метру 98 сантиметр ҷои аввалро касб кард. Ғолиби мусобиқаи пешин Кристиан Парс дар ҷои севум қарор гирифт.