Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пагоҳ марҳалаи севвуми ваксинзанӣ шурӯъ мешавад


Пагоҳ, 1-ӯми июн дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдак марҳалаи севвуми ваксинзании кӯдакон барои пешгирӣ аз бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит шурӯъ мешавад. Дар ин марҳала ба наврасони то 15-сола низ ваксин мезананд. Ин марҳала то 5-ӯми июн давом мекунад. Бино ба маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, шумораи гирифторони бемории фалаҷи кӯдак дар ин кишвар 139 нафарро ташкил медиҳад, вале 470 нафар ба эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG