Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ба Ватан баргашт


Боз як муҳоҷири тоҷик ба қасди Тоҷикистон қаламрави Қирғизистонро тарк кард. Ин шахс Амриддини Кабир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, аст, ки баъди 17 соли муҳоҷират дар Қирғизистон бо оилааш ба ватан баргашт.

Гурезаи ҷанг

Амриддини Кабир дар баробари он ки тайи ин муддат сарварии дастаи ҳунари «Наво»-и назди созмони иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакиро бар ӯҳда дошт, ҳамчунин ба тиҷорат низ машғул буд, то ки маишати оилавиашро дар муҳоҷират таъмин кунад.

Вай баъди ташаннуҷи авзоъ дар аввали солҳои навадуми қарни гузашта аз Тоҷикистон ба Қиризистон омад. Аммо вай дар ин ҷо танҳо набуд ва садҳо хонаводаи тоҷик ба иллати ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистон кишвари худро тарк карда буданд ва дар минтақаҳои мухталифи Қирғизистон паноҳ мебурданд. Қирғизистон дар он солҳои пурошуб бештар аз чил ҳазор муҳоҷири тоҷикро паноҳ додааст.

Пас аз ҳабдаҳ сол

Акнун Амриддини Кабир дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, аввалин таассурот ва диду боздидҳояш аз ватан бисёр хушҳолкунанда аст. Вай мегӯяд, аз бозгашт ба ватан розист ва ӯро хеле хуб истиқбол намуданд.

Ба гуфтаи ин овозхони тоҷик, рӯзҳои аввали бозгашт ба ватан, баъди сукунати дуру дароз дар Қирғизистон, ки мисли Қаротегин табиати хубу гуворо дорад, аъзои хонаводааш аз гармии ҳавои Тоҷикистон каме нороҳат шудаанд. Вале, мегӯяд Амриддин, онҳо ҳатман одат хоҳанд кард. Вай гуфт, дар ҳамин ҳол ба иваз кардани шиносномаҳои аъзои хонаводааш аз қирғизӣ ба тоҷикӣ машғул аст.

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Амриддини Кабир боз тазаккур дод, ки дӯстони худ дар Қирғизистонро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард ва ҳамеша омода аст, ки дар пояи даъвати онҳо ба Бишкек биёяд ва дар маъракаҳои онҳо ширкат кунад.

Амриддини Кабир бо тавсия ва пешниҳоди раёсати созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ва дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Бишкек соли гузашта аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба унвони олии «Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон» сарфароз гардид. Ба гуфтаи ӯ, аввалин овозхон дар берун аз марзи Тоҷикистон аст, ки ба чунин унвони олии ҳунарӣ сазовор шудааст.

Амриддин аввалин ва охирин нест

Дар чанд соли ахир Қирғизистонро як идда фарҳангиёни тоҷик ба қасди Тоҷикистон тарк кардаанд. Равоншод Тоҳири Абдуҷаббор, шоир Рустами Ваҳҳоб, сиёсатмадор Ҳайдаршоҳ Акбаров ва журналист Қосимҷони Бекмуҳаммад аз зумраи ин афроданд.

Қодиршои Мурувват, як тан аз рӯзноманигорони тоҷики муқими Бишкек, мегӯяд, омили ин бозгаштҳо он аст, ки вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст. Сабаби дигар, ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон аст.

Муҳоҷирони дигари тоҷик низ дар фикри онанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд. Дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй, ки аксарияти ин муҳоҷирон сукунат доранд, ягон мактаби тоҷикӣ фаъол нест ва аксарияти фарзандони онҳо забони адабии тоҷикиро хуб намедонанд.
XS
SM
MD
LG