Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони ҷавонон таъсис шуд


Барои аввалин бор ҷавонони тоҷик ба порлумон пазируфта мешаванд, вале на ба парлумони расмӣ, балки ба парлумони вижаи худ, ки «Порлумони ҷавонон» унвон шудааст.

Тафовути асливу ҷолиби парлумони ҷадид дар ин аст, ки вакилони он на афроди аз 50 -60 сола боло, балки ҳама ҷавонони аз 17 то 26 солаанд, ки дар донишгоҳҳои мухталифи кишвар таҳсили илм доранд. Ва ин вакилон на дар утоқҳои гарму курсиҳои нарми парлумон, балки дар минтақаҳои дурдасти худ, миёни ҳамсолони ҷавонашон фаъолият хоҳанд бурд. Аммо дар маҷмӯъ сохтори он шабеҳи сохтори парлумони аслии кишвар аст, яъне он ҳам аз 63 аъзо ва 5 кумита иборат аст.

«Парумони ҷавонон» барои аввалин бор дар Тоҷикистон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъсис ёфтааст.

Ҳадафи порлумон ёфтани лидерҳои ҳақиқӣ аст

Эраҷ Саодатсайров, як масъули ташкилоти «Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» мегӯяд, ҳадафи аслии ташкили чунин порлумон, ин фаъол кардани ҷавонони кишвар дар ҳайёти сиёсӣ ва аз миёни онҳо кашфу омода сохтани лидерҳо аст, чун феълан насли ҷавони кишвар ба чунин пешвоёни ҷавон ниёз дорад. Ба гуфтаи Эраҷ барои қабул ба ин парлумон, ҷавонон қаблан омӯзонида шудаанд.

«Мо фикр кардем, ки ташкили Парлумони ҷавонон воқеан имрӯз зарур аст . Агар инро пештар ташкил мекардем барои рушди кори давлат ва ҷомеа ба мо кӯмак мекард. Мо баъзан фикр мекунем, ки аз нерӯи ҷавонон кам истифода мешавад ва фаъолият дар ин парлумон ба онҳо имконият медиҳад то худро муаррифӣ кунанд».

Нахустин ҷаласаи парлумони ҷавонони Тоҷикистон, бо тарҳрезии нақшаи корӣ ва интихоби раису мувоинони он анҷом ёфт. Дар ин ҷаласа вакилон ӯҳдадор шуданд бо омӯзиши вазъи ҳамсолонашон дар ҳама минтақаҳои кишвар, дар роҳи расидагӣ ба мушкилоти онҳо саҳм бигиранд.

Фирӯзмуҳаммади Ҳикматулло, донишҷӯи бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ, ки раиси парлумони ҷавонон интихоб шуд, мегӯяд, як омили аслии таъсиси чунин парлумон ҳам ин дарёфти роҳҳои муассир барои мусоидат ба мушкилоти фаровони ҷавонони Тоҷикистон аз нигоҳи худи ҷавонон аст.

«Мақсади ташкили ин парлумон ҳамчунин фароҳам овардани як майдоне, ки дар он ҷавонон тавонанд бо истифода аз донишу тафаккури солиму созандаи худ дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеаи имрӯза, бо роҳу нигоҳи нав мусоидат кунанд».

Ба ҳайси вакил ба ин парлумон, ҷавонони фаъолу соҳибистеъдоди манотиқи мухталифи кишвар, онҳое, ки қобилияти амалӣ кардани ҳадафҳои худро доранд, интихоб шудаанд.

Аввалин вазифаи порлумон

Обидҷони Маҳмудзода, донишҷӯи донишгоҳи омӯзгорӣ, ки дар ин парлумон ба ҳайси раиси кумитаи илму фарҳанг ва сиёсат ба кор шурӯъ мекунад, мегӯяд ба ҳайси вакил таваҷҷуҳашро бештар барои боло бурдани сифати таълим ва кашфу дастгирии ҷавонони ихтироъкор равона хоҳад кард.

«Аввалин масъалае, ки ман мехоҳам таваҷҷуҳ кунем ин аз назария ба амалия гузаштан дар макотиби кишвар аст. Масалан дарси химияро бигирем, дар ин дарс бояд бо элементу реаксияҳои кимиёвӣ ба хонанда омӯзонд, ин таъсири бештар хоҳад дошт. Мушикли дигар ин забони мураккаби китобҳои муктабӣ аст, ки мо бояд ин масъаларо ҳам бардорем».

Вале вакили дигар Беҳруз Бобоев, донишҷӯи бахши аввали донишгоҳи давлатии Қурғонтеппаро бештар масъалаи афзоиши бемориҳои сироятӣ миёни ҷавонони муҳоҷир ташвиш медиҳад. Ӯ мехоҳад чун аъзои парлумон дар роҳи коҳиш додани ин амроз ва боло бурдани огоҳии ҷавонон талош кунад.

Аммо бачаҳо дар парулмони ҷавонон ҳам, шумори ҷавондухтарони вакил кам ба назар мерасад. Сангимоҳ Искандарова, ки аз миёни 30 нафар донишҷӯёни довталабони вакилӣ, ба ин парлумон роҳхат гирифтааст, мегӯяд, бештар ба ҳаёти ҷавондухтарони рустоҳои кишвар таваҷҷуҳ хоҳад кард.

Бо ин мақсад, Сангимоҳ тасмим дорад, баробари шурӯъи кор дар минтақаҳои мухталифи кишвар бо ҷавондухтарон мулоқотҳо доир намудаву бо дарду мушкилоти онҳо аз наздик огоҳ шавад.

Замони фаъолият - ду сол

Ба ин тартиб, ин вакилони ҷавон ҳама бо омӯзишу баррасии масоили доғи ҳаёти ҳамсолонашон, хулосаву бардоштҳои худро ба сохторҳои масъул ва порлумонии аслии кишвар пешниҳод хоҳанд кард.

Мӯҳлати фаъолияти парлумони ҷавонон ва вакилон он ду сол муайян шудааст, дар сурати муваффақ шудан ва натиҷаҳои хуб ба даст овардан, парлумон кори худро идома хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол бархи аъзами ҷавонони огоҳӣ кишвар, аз таъсисёбии чунин як парлумони вижаи ҷавонон хушбинанд ва мегӯянд, дар ҳоле, ки аксар мушкилоти насли ҷавони кишвар аз мадди назари вакилони парлумон дур мемонад, таъсисёбии ин парлумони рамзӣ, ки ҳадафаш мусоидат ба мушкилоти насли ҷавон аст саривақӣ аст.
XS
SM
MD
LG