Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Тошканд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд аз тими Эрон бо ҳисоби бузурги 2-19 шикаст хӯрд.

Ёздаҳумин давраи ин мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Узбакистон бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали гурӯҳи «В» аз тими Эрон, қаҳрамони феълии Осиё, бо ҳисоби рекордӣ мағлуб шуд. Эрониҳо дар нимаи аввали дидор 8 гол ва дар нимаи дуввум 11 гол ба самар расонданд.

Вале бозигарони тоҷик танҳо бо ду гол ҷавоб гардонданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Восиев ва Фатҳулло Фатҳуллоев дар нимаи дуввуми бозӣ заданд.

Муҳаммад Тоҳирӣ, бозигари мунтахаби Эрон, ки дар ин дидор 7 гол ба ҳадаф расонд, алъон беҳтарин нишонзани мусобиқа маҳсуб мешавад.

Натоиҷи бозиҳои даври аввал:

Гурӯҳи «А»
Узбакистон – Лубнон - 3:1
Тайван – Индонезия - 1:6

Гурӯҳи «В»
Эрон – Тоҷикистон - 19:2
Кувайт – Австралия - 2:4

Гурӯҳи «С»
Тайланд – Қирғизистон - 4:2
Вйетнам –Кореяи Ҷанубӣ - 7:3

Гурӯҳи «D»
Ҷопон – Чин - 5:1
Туркманистон – Ироқ - 3:5

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Мусобиқаи қитъавӣ то 30-юми май идома хоҳад кард.
Дастаи Тоҷикистон 24-уми май бо мунтахаби Кувайт ва 25-уми май бо тими Австралия қувваозмоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG