Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили гузариш ба низоми кредитии таълим


Мушкили дастрасӣ ба интернет, норасоии адабиёти таълимӣ, камогоҳии устодони донишгоҳҳо аз низоми таълими кредитӣ омилҳоие ҳастанд, ки гузаштан ба усули таълими кредитиро дар макотиби олии Тоҷикистон тақрибан номумкин кардааст.

Бо ҳадафи воридшавӣ ба фазои ягонаи таълимоти ҷаҳонӣ ва мутобиқ ба бозори байналмилалии меҳнат омода кардани муттахассисон, Тоҷикистон аз соли 2005 нахустин қадамҳои худро сӯи низоми нави таълимӣ, низоми кредитӣ гузошт. Ҳамакнун, қариб як сол ба ин сӯ, ҳама мактабҳои олии кишвар қисман аз рӯи ин низом фаъолият доранд.

Нахустин сабақҳо

Сафарбой Самадов, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии вазорати маориф мегӯяд, дар пайи таҳлилҳои онҳо, муайян шудааст, ки низоми кредитӣ дар ҷарраёни таълим дар макотиби олӣ ба як қатор пешравиҳо боис шудааст.

“Албатта, сатҳи сифати таълим ба талабот ҷавобгӯ набошад ҳам, вале як қатор пешравиҳо ҳаст. Яъне донишҷӯ мустаъқилона дар китобхонаҳои электроние, ки ба қадри имкон дар донишгоҳҳо таъсис дода шудаанд, кор карда, мавод меҷӯяду меомӯзад ва дар назди муаллим ҷавоб медиҳад”.

Аммо ин усули таҳсил дар ҳоле дар таълимгоҳҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба андешаи бархе аз таҳлилгарони соҳа, устодону муҳассилин ва умуман вазъи феълии мактабҳои олии кишвар ба қабули ин навъи таълим омода нест ва дар чунин шароит гузариш ба он, дар раванди омӯзишу парвариш як печидагиро ба вуҷуд овардааст.

Сангин Гулов, устоди Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, низоми аслии ин навъи таълимот донишҷӯро ба худомӯзӣ водор мекунад ва аз шогирду тақозо мекунад, ки маҳдуд ба чаҳорчубаи як таълим набуда, мустаъқилона бо фарогирии адабиёти бештар мавзӯъро ҳазм кунанд. Аммо ба қавли ӯ ин талаботҳо дар низомии кредитии мактабҳои тоҷикистон мушоҳида намешавад.

“Афсӯс, ки дар мо, то ҳанӯз ин низом ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст, донишҷӯён фақат медонанд, ки бо усули тахминӣ ҳам саволномаҳои санҷиширо кор карда, метавонанд соҳиби балли муайян шаванд, аммо ба мӯҳтавои он, онҳо тақрибан сару кор намегиранд”.

Тибқи низоми таълимии кредитӣ дарсҳо, ки ғолибан дар донишгоҳҳои кишвар 90 дақиқа идома мекунанд аз 50 дақиқа иборат хоҳад буд.

Низоми кредитӣ, яъне чӣ?


Дар низоми мазкур донишҷӯ ҳаққи интихоби мавзӯъ, фан ва ҳатто омӯзгорро дорад.

Давоми соатҳои муайяни пешниҳодшуда, омӯзгор мавзӯъро ба донишҷӯ шарҳ медиҳад, ҳамчунин донишҷӯ мутобиқ ба маҳорати худ дарсҳоро кредит гирифта баъди аз худ кардан он кредитро ба устод месупорад.

Ва муофиқ ин низоми таълим санҷишу имтиҳонҳо ба фарқ аз низоми пешинаи тадрис, чанд маротиб бештар ва ба шакли тестӣ ё хаттӣ ба сурат мегирад. Хулоса тибқи ин низом донишҷӯ озод аст ва ҳаққи интихобро дорад, аммо дар Тоҷикистон муҳассилини ин навъи низом имкони истифода аз ин ҳаққдро надоранд,барои мисол онҳо ҳоло имкони интихоби устодро надоранд мегӯяд, Маҳмудҷон Тошматов муовини раҳбари донишгоҳи технологи Тоҷикистон.

“Ҳоло, ки мо дар марҳилаи гузариш ҳастем ва рости донишҷӯёни мо то ҳадде омода нестанд, ки фаннҳоро худ интихоб кунад ё устодро интихоб кунад. Албатта дар ин маврид ҳамчунин бояд як шароити муайян бошад. Устодҳо бояд дар рақобат бошанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар бархе ҳолатҳо аз як фан як устод аст”.

Зимнан донишгоҳи технологии кишвар яке аз аввалин донишгоҳҳоест, ки 6 соли қабл дар он низоми таълими кредитӣ ба таври санҷишӣ пиёда шуд ва ҳоло барои фаъолият аз рӯи ин навъи таълим то ҳадде заминаи хуб дорад.

Маҳмудҷон Тошматов меафзояд, дар ин муддат дар сатҳи дониши муҳассилин тағйироти мусбат ба назар мерасад, мувафақияти дигари низоми кредитӣ ба қавли ӯ, ин афзун шудани сафи донишҷӯёну фаъолу масъулиятшинос дар донишгоҳ аст.

Назари донишҷӯён


Аммо донишҷӯёни донишгоҳи технологӣ мегӯянд, бо заминае, ки то омадан ба донишгоҳ доштанд, таҳсил дар ин усули аврӯпоӣ барояшон ниҳоят мушкил буд.

“Мушкилиҳо бештар дар дарёфти китобу мавод бо забони тоҷикӣ буд. Албатта мушкилиҳои зиёд доштем дар 4 соли хониш, аммо ба ин ҳама кӯшиш мекардем ёфта мутолиа мекардем, ки ин ба манфиати мо буд”.

Аксар устодони донишгоҳҳои кишвар ҳмчунин мегӯянд дар қадамҳои нахустини фаъолият аз рӯи ин низом онҳо бештар аз ҳама ба мушкили фаннӣ мувоҷеҳ гаштаанд. Ба қавли устодону донишомӯзон мушкили аслӣ дар амалишавии низоми кредитӣ ин набуди заминаи хуби фаннӣ дар донишгоҳҳо аст.

Ва аммо донишҷӯёне, ки ҳоло аз рӯи усулҳои нави таълими таҳсил доранд, мегӯянд, феълан омӯзгорон худ моҳияти аслии таълимоти ҷадидро ба хуби дарк накардаанд ва ҳамчунин аксарият аз комютеру интернет огоҳ нестанд, ки ин аз худ кардани барнома ва раванди мураккаби таълимии ин низомро барои муҳассилин ҳам мушкил кардааст.

Вале Сафаралӣ Самадов як масъули вазорати маориф мегӯяд, феълан дар донишгоҳҳо, ба ҳар 5 донишҷӯ 1 компютер рост меояд. Ва заминаи техникии мактабҳои олӣ ба гуфтаи ӯ барои гузариш ба низоми нави тадрис 80 дар сад омода аст.

Вазорати маориф мегӯяд, хоҳ нохоҳ Тоҷикистон бояд бо гузариш ба низоми кредитӣ ба фазояи ягонаи таълимоти ҷаҳонӣ ворид шавад. Вале ба таъкиди таҳлилгарон низоми кредитӣ дар ҳоле дар Тоҷикистон муваффақ мегардад, ки агар аз он дастовардҳои хуб ва мувофиқ ба шароити Тоҷикистон интихоб ва роҳандозӣ шавад.
XS
SM
MD
LG