Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ.тҷ? Доменҳои ғайрилотинӣ


Ахиран, домени интернетии “.рф” дар пайи ба Русия таҳвил шудани ҳаққи идораи ин домени сириллик бо ифтитоҳи ду сомонаи давлатии президент.рф ва правителъство.рф ба фаъолият оғоз кард.

Доменҳои арабиву русӣ

Намояндагони ICANN, ширкати масъули номҳову шумораҳои сабтиномшудаи Интернет, тайи як ҳамоиши вижаи интернетӣ дар Маскав муҷаввизи маъмурияти ин доменро ба мақомоти Русия таслим карданд. То кунун ягона ҳуруфи муҷоз барои сабти номи сомонаҳову торнамоҳо ҳуруфи лотинӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет буд.

Вале дар авоили моҳи май Мисру Арабистони Саудӣ ва Имороти Араб ба ҳуруфи арабӣ гузаштанд ва инак дар Русия ҳуруфи сириллик рӯи кор омад, ки ба ҳаққи инҳисории ҳуруфи лотинӣ дар ин шабакаи саросарӣ поён дод. Мудиромили ICANN Род Бекстром дар Маскав гуфт, арзи вуҷуд кардани доменҳои миллӣ ба боз ҳам ҷаҳонитар шудани шабакаи ҷаҳонии Интернет мусоидат хоҳад кард.

Ба мо @ диҳед!

Игор Шёголев, вазири мухобирот ва матбуоти Русия, дар ҳамоиши интернетии Маскав ифтитоҳи домени миллии “.рф” бо ҳуруфи сирилликро ҳамчун супурдани зодномаи сомонаҳои сириллик истиқбол кард. Ӯ гуфт, ин рӯйдод ба маънои хатми даврони яккатозии ҳуруфи лотинӣ дар шабакаи саросарии Интернет аст, вале як силсила чолишҳо ҳанӯз боқӣ мемонанд. Барои мисол, вазири мухобироти Русия гуфт, рамзи ҷаззобе, чун “@”, ки барои навиштани тамоми нишониҳои интернетӣ истифода мешавад, дар сафҳакалиди русӣ аслан вуҷуд надорад.

Қадами интернет ба сӯи ҷаҳони ғайрилотин

ICANN, дидбони аслии шабакаи ҷаҳонии Интернет, истифодаи ҳуруфи ғайрилотинӣ ҳангоми сабти сомонаҳову торнамоҳои интернетиро ҳанӯз дар тирамоҳи соли гузашта иҷозат дод. Бино бар бароварди ICANN, аз 1 миллиарду 600 ҳазор корбари Интернет дар саросари ҷаҳон беш аз нисфаш дар навиштор бо забонҳои модарии худ аз ҳуруфоти ғайрилотинӣ истифода мебаранд ва ин барои онҳое, ки бо лотинӣ ошно нестанд, дар роҳи истифода аз хидматҳои ин шабакаи ҷаҳонӣ мушкилот эҷод мекард.

Тарафдорони гузариш ба ҳуруфи сириллик мегӯянд, ин иқдом дастрасӣ ба Интернет барои онҳоеро, ки бо лотинӣ мушкил доштанд, осон мекунад ва боиси афзоиши босуръати Интернет ба хусус дар музофоти Русия хоҳад шуд. Феълан, аз тақрибан 140 миллион ҷамъият дар ин кишвар ҳудуди 30 миллионаш ба Интернет дастрасӣ доранд ва Русия аз нигоҳи суръати рушди ҷомеаи интернетиаш дар Аврупо дар мақоми аввал аст.

Хуш омадед ба .рф!

Русия гузариш ба истифодаи ҳуруфи сириллик дар сабти сомонаҳои интернетиашро ба чанд марҳала ҷудо кардааст.

Марҳалаи аввал сабти номи сомонаҳои давлатиро дар бар мегирифт ва ба ин далел, аз ифтитоҳи ду сомонаи давлатии “президент.рф” ва “правителъство.рф” оғоз шудани таърихи Интернети сириллик беҳуда набуд. Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сарвазираш Владимир Путин бо Интернет хуб ошноӣ доранд ва аз эъмоли ҳуруфи сириллик дар навишти исми сомонаҳои русӣ фаъолона пуштибонӣ мекарданд.

Марҳалаи дуввум сабти номи сомонаҳои интернетии хабарӣ ва ҳам тамғаҳои тиҷориро дар бар гирифта, сабти боқӣ расонаҳо дар домени миллии “.рф” аз 1-уми октябр оғоз хоҳад ёфт.

Водка.рф-ро аллакай хариданд?

Далели пеш гузоштани сабти тамғаҳои маъруфи тиҷорӣ ва сомонаҳои ширкатҳои бузургу маъруф ба хотири ҷилавгирӣ аз раҳзании ба истилоҳ “кайберсквоттерҳо”-ст. “Кайберсквоттерҳо” онҳоеро мегӯянд, ки бо истифода аз навоқиси мавҷуда дар қонунҳои марбут ба Интернет исми ширкатҳои шинохта ва тамғаҳои маъруфи тиҷорӣ, барои мисол, “Кока-кола” ё “Мерседес”-ро пеш аз соҳибони онҳо сабти ном карда, баъдан сомонаҳои бо ин номҳои шинохта сабткардаи худро ба ин ширкатҳо бо нархҳои ҳангуфт мефурӯшанд.

Ба муҷарради оғози сабти номи сомонаҳо бо ҳуруфи сириллик як созмони ноошное бо номи баланди Маркази фанновариҳо ва шабакаҳои иттилоотии муассир алакай сомонаҳои аз нигоҳи бозорёбӣ ояндадор ва ҳатман пурхаридоре, чун “банк.рф”, “водка.рф”, “секс.рф”, “стриптиз.рф”, “недвижимостъ.рф”, “кино.рф” ва амсоли инро ба номи худ сабт кардааст. Кодекси шаҳрвандии Русия ҳамчун тамғаи тиҷорӣ сабт кардани вожаҳои маъмулро манъ кардааст. Барои мисол, набояд дар сабти номи банк сирф вожаи “банк”-ро ба кор бурд. Ҳарчанд метавон чунин номро ба маҷалла ё мағоза дод. Он маркази ёдшуда ҳам, барои мисол, вожаи “секс”-ро ҳамчун тамғаи тиҷорӣ дар гурӯҳи сумкаҳову ҷомадонҳо ва вожаи “кино”-ро дар гурӯҳи дастгоҳҳои гармкунандаи об сабт кардааст.

Сепаратизми интернетӣ?

Ба назари мунтақидон, гузариш ба ҳуруфи сириллик майдони фаъолиятро барои ингуна кайберсквоттерҳо ва ҳамин тавр, барои сирқатҳои интернетӣ бозтар хоҳад кард. Аз ҷумла, мегӯянд онҳо, ширкатҳои маъруфе, ки ба хотири дифоъ аз номи худ ва тамғаҳои тиҷории худ аз кайберсквоттерҳо дар ду домени русии “.ru” ва “.su” (Soviet Union) сабти ном шудаанд, акнун маҷбуранд айни корро дар домени сириллик анҷом диҳанд.

Як мояи дигари нигаронии бахусус корбарони Интернет ин аст, ки ҳуруфоти миллӣ боиси дар, ба истилоҳ, “манзилҳои миллӣ” маҳдуд ва сарбаста шудани ин шабакаи то ҳол бидуни марз ва саросарӣ шуда, мавҷи “ҷудоиталабӣ”-ро дар Интернет доман хоҳад зад, ки дар ниҳоят рӯҳияи ҷаҳонии ин шабакаро метавонад аз байн бубарад.

Мояи дигари интиқодҳо марбут ба озодии баён дар Интернет аст. Ба бовари мунтақидон, ифтитоҳи домени сириллик метавонад мақомоти Русияро низ ба пайравӣ аз Чин ва эъмоли сонсур дар Интернет ташвиқ кунад.
XS
SM
MD
LG