Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе - мизбони вазирони хориҷии кишварҳои исломӣ


Сар аз субқи барвақти имрӯз, 17-уми март, фурудгоҳи Душанбе яке паси дигар ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони конфронси исломиро қабул дорад.

Иҷлоси 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ фардо, 18-уми май, дар Душанбе оғоз хоҳад шуд. Интизор меравад, имрӯз президент Эмомалӣ Раҳмон бо баъзе аз ҳайатҳо дидор кунад.

Дар ин миён, вазири корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб ҳамзамон бо ширкат дар кори ҳамоиш аз Тоҷикистон боздиди расмӣ низ анҷом медиҳад. Ба иттилоъи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни ин боздидаш ӯ бо раисҷумҳур Раҳмон ва мақомоти дигари баландпояи Тоҷикистон мулоқот мекунад.

Ҳафтаи гузашта дар Варзоб форуми тиҷоратии кишварҳои узви Конфронси исломӣ бо ширкати тоҷирон ва сармоягузорони 40 кишвари узви ин созмон баргузор гардид.

Дар он умдатан намояндагони бахши тиҷорати хусусӣ ширкат ва барномаҳои иқтисодӣ барои сармоягузориро муаррифӣ карданд. Дар ҳошияи ин форум инчунин намоиши дасовардҳои саноатии Тоҷикистон ва ширкатҳои тавлидкунандаи дохилӣ низ доир шуд.

Тоҷикистон умедвор аст, бо доир намудани форуми тиҷоратии кишварҳои узви Конфронси исломӣ битавонад барои иҷрои барномаҳои худ, хусусан дар бахши энержӣ сармоягузоронро ҷалб кунад.

Қароргоҳи созмони Конфронси кишварҳои исломӣ дар Ҷидда буда, ин созмон 57 кишвари мусалмонии ҷаҳонро муттаҳид ва аз беш аз 1 миллиард мардуми мусалмон намояндагӣ мекунад. Ин гурӯҳ соли 1969 ба манзури ҳифзу таъмини манофеъи ҷаҳони Ислом замоне таъсис ёфт, ки Ҷанги сард кишварҳои мусалмониро низ дар сангарҳои мухталиф ва гоҳо муқобил қарор дода буд.
XS
SM
MD
LG