Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани дувум мехоҳед?


Иддае аз аҳли рӯҳоният дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бандҳои марбут ба бисёрзанӣ ва ё чандҳамсарӣ дар қонуни кайфарии ин кишвар ниёз ба ислоҳ дорад. Онҳо мегӯянд, ислоҳи ин банди қонун метавонад, шароити зиндагии занҳоеро, ки феълан ғайриқонунӣ ҳамсари дувуми ин ё он нафаранд, беҳтар кунад.

ҚОНУНИ ДАВЛАТ Ё ҚОНУНИ ИСЛОМ?

Қонуни кайфарии Тоҷикистон чандҳамсарӣ дар кишварро мамнӯъ карда, барои онҳое, ки ин қонунро муроот намекунанд, то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ҷарима ва ё аз 2 то 5 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардааст.

Новобаста аз ин, гурӯҳе аз мардон бо никоҳи шариатӣ ё мусулмонӣ соҳиби занҳои дувум ва ҳатто севум мешаванд, ки аз нигоҳи қонун ғайрирасмӣ ва аммо аз нигоҳи шариати ислом ҳалол ба ҳисоб меояд.

Зарафо Раҳмонӣ, масъули умури занон дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бовар дорад, ки бо қонунӣ шудани бисёрникоҳӣ дар кишвар шароиту вазъи он бонувоне, ки саробон надоранду мехоҳанд, ҳамсари дувуми марде бошанд, беҳтар хоҳад шуд:
“Агар масъалаи ахлоқу вазъияти занонро ба инобат гирем, ин хуб аст. Яъне, онҳо метавонанд бо ин роҳ худро аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб – аз фоҳишагарӣ, даст задан ба зинокорӣ ва ҳамчунин падидаҳои дигаре, ки барои ҳар як мусулмон ҷоиз нестанд, нигаҳ доранд”.

МУХОЛИФОНИ ИН АҚИДА

Бар хилофи ин ақида, фаъолони ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон, ки аксаран аз қонунҳои дунявӣ ҳимоят мекунанд, иҷозаи бисёрникоҳӣ дар кишварро қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, аксари мардон аз шароити вазнине, ки ба дӯши занон уфтодааст ва ҳам аз шариати ислом, ки бисёрзанагиро иҷоза медиҳад, сӯистифода мекунанд.

Маърифат Шокирова, як масъули Кумитаи кор бо занон, дар сӯҳбат ба мо гуфт, қонунӣ кардани бисёрзанӣ дар Тоҷикистон пайомадҳои манфие, чун бештар шудани мавридҳои худкушии занон ва зинда-ятим мондани кӯдаконро ба дунбол хоҳад дошт: “Ҷомеаи Тоҷикистон барои дузанагӣ тайёр нест. Зеро ягон зани якум намехоҳад, ки дар радифи худ зани дуввумро бинад. Ва ягон мард аз рӯйи виҷдону имон ҳич вақт занеро, ки бева асту, чор-панҷ кӯдак дорад, ба ҳамсарӣ қабул намекунад ва ӯ рӯ меорад боз ба духтарони ҳаждаҳсолаи дигар.”

ҚУРБОНИҲОИ ЧАНДҲАМСАРИИ ҒАЙРИҚОНУНӢ

Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, аз ҷараёни чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон, ки ҳоло ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад, нигарон аст. Ба гуфтаи ӯ, занҳое, ки ба унвони ҳамсари дувум шинохта мешаванд, никоҳи расмӣ надошта, наметавонанд, ки фарзандони худро низ ба ному насаби шавҳарашон бинависанд.

Дар ниҳоят, мегӯяд хонум Раҳмонӣ, онҳо расман аз ҳамаи ҳаққи фарзандиву ҳамсарӣ маҳрум мемонанд ва дар сурати рӯ задани мушкил наметавонанд, ки меросе бо худ бигиранд: “Занҳое, ки дар никоҳи дуввуми мардон ҳастанд, аз ҳаққу ҳуқуқ бенасиб мемонанд. Чунки дар ягон ҳуҷҷат сабт наёфтааст ва дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки ӯ оилаи чандуми ягон шахс аст. Аз ин рӯ, аз ҳуқуқҳои худ маҳрум мешавад.”

Асмонгул Тошева яке аз ин қурбониҳост, ки бо шавҳари худ солҳо ҳамчун зани дуввум зиста, талоқ гирифтааст. Вай ба маркази “Боварӣ”-и Кумитаи кор бо занон аз он шикоят кардааст, ки наметавонад барои се фарзанди худ аз шавҳараш кӯмак ё алимент дарёфт кунад.

Дурсултон Назирова, масъули ин маркази “Боварӣ”, мегӯяд, мушкил сари ин ҷост, ки Асмонгул бо шавҳараш никоҳи қонунӣ надошта, ҳамчун зани дуввум бо никоҳи шариатӣ ё мусулмонӣ зиндагӣ кардааст: “Баъзе аз занон барои гирифтани алимент аз шавҳарони худ ба маро муроҷиат мекунанд. Аммо вақте ҳуҷҷатҳои онҳоро мебинем, кӯдакон ба ному насаби модар сабт шудааст. Ҳуҷҷат, ки ба ному насаби модар бошад, ҳуқуқи фарзандии падарро ёфтан лозим аст. Ин кори додгоҳ аст. Бисёрии падарон се – чор кӯдак доранд, вақте мо даъват мекунем, мегӯянд, ки ин фарзандони мо нест.”

ЧАНДҲАМСАРИИ БЕ ОМОР

Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ дар кишвар, ки ҳудудан 100 ҳазор нафар аз ҷамъияти ғолибан мардро кушта бар ҷой гузошт, густариш пайдо кардааст. Соҳибназарон низ коҳиши шумори мардҳо, афзоиши теъдоди духтарони бешавҳар, муҳоҷирати тақрибан саросарии мардҳоро аз иллатҳои аслии ин раванд дар кишвар медонанд.

Омори хосе дар бораи теъдоди занҳои дувум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар ин бахш тадқиқоти хоси идораҳои дахлдори кишвар низ анҷом нашудааст. Онҳое, ки ҳам соҳиби занҳои дувуманд, аз ифшои номашон худдорӣ мекунанд ва шояд бо дарназардошти муқаррароти қонун аст, ки танҳо доштани ҳамсари аввали худро эътироф мекунанду тамом.

Курсии додгоҳ низ кам нафаронеро дидааст, ки бо ҷурми серзанагӣ дар Тоҷикистон муттаҳам ва ба зиндон фиристода шудаанд. Баъзеҳо мегӯянд, ҷурми серзанагӣ одатан замоне истифода мешавад, ки мақомот хоҳишманди ҳабси нафаре ҳастанду, санади кофӣ барои собит намудани ҷурмҳои дигари муттаҳам дар ихтиёр надоранд.

“ДУ ЗАН ГИРЕД, АГАР ҚУДРАТ ДОРЕД”


Дар ҳамин ҳол, рӯҳониёни мусулмон мегӯянд, агарчӣ ин нукта, яъне чандҳамсарӣ дар Қуръон таъкид шудааст, вале на ба маънои ин аст, ки ҳар кас метавонад ҳар лаҳза зани дувуму севум гирад.

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик, ба мо гуфт, агар ҳар нафаре, ки аз руйи ҳавою ҳавас зани дувум мегирад, камтар аз айёш нест: “Дини ислом мегӯяд, ҳар занеро, ки ба табъи шумо мувофиқ аст, бигиред. Яъне, аз як то чорто. Аммо агар бинед, ки адолатро миёни занон риоя карда наметавонед, пас, якто гиред! Қонунҳои ислом қонунҳои ҷомеасозанд. Дар сарзаминҳое, ки ҷангу ҷидол мешаваду мардҳо қурбон мешаванд ва занҳо бешавҳар мемонанд ё шумораи мардҳо нисбат ба занон зиёд бошад, бисёрзаниро иҷозат додааст. Яъне, агар касе бо хонаву ҷо, бо либос, таом ва дигар чизҳои зарурӣ таъмин карда метавонад ва дар як сатҳ бо онҳо муомила мекунад, метавонад чанд зан бигирад.”
XS
SM
MD
LG