Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» - дар сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC


Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, пас аз пирӯзӣ дар бозии севумаш дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар бар тими қаҳрамони Камбоҷа - «Нагакорп» бо ҳисоби 3-0 ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.

Умедҷонро офтоб зад, Маҳмадалӣ лат хӯрд, Ҷамолиддин зодрӯз дошт

Бозии даври севуми гурӯҳи «В» байни қаҳрамонони футболи Тоҷикистону Камбоҷа 14-уми май дар варзишгоҳи «Маркази омодагии ҷавонон»-и пойтахти Мянмар - шаҳри Янгон дар ҳузури 100 тамошобин баргузор шуд. Вале шумораи кормандони пулису амният нисбат ба мухлисон зиёдтар буд. Ин бозӣ низ тавассути телевизиони Мянмар зинда пахш шуд ва онро миллионҳо нафар тамошо карданд.

Бозии футболбозони тоҷику камбоҷагӣ дар ҳавои хеле гарм (то 45 дараҷа) сурат гирифт. Ҳанӯз дар оғози бозӣ капитани «Вахш» Нӯъмонҷон Ҳакимов имкони хуби голзаниро аз даст дод. Тӯби задаашро дарвозабони «Нагакорп» Мак Зеара баргардонд. Нӯъмонҷон дар дақиқаи 8-уми бозӣ боз як лаҳзаи хуби голзанӣ дошт. Вале тӯби бо сар задааш ба сутуни дарвоза бархӯрд. Ниҳоят, дар дақиқаи 44-ум ба бозигарони «Вахш» муяссар шуд, ки ҳисобро боз намоянд. Тӯби аз самти рости майдон ҳавододаи Акмал Сабуровро ҳамлагар Маҳмадалӣ Содиқов аз ҷаримагоҳи рақибон бо зарбаи сахту нишонрас вориди дарвоза кард.

Баъди танаффус Маҳмадалӣ Содиқов метавонист ҳисобро дучанд кунад, аммо тӯби задааш ба тири дарвоза бархӯрд. Ҳуҷумҳои пасиҳами футболбозони тоҷик боз самар овард. Нишонзани беҳтарини мусобиқа Рустам Усмонов дар дақиқаи 64-ум аз масофаи тахминан 20 метр бо зарбаи барқосо дарвозабони камбоҷагиҳоро маҷбур сохт, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Воқеъан, аз 10 голи дар се бозӣ ба ҳадаф расондаи «Вахш» нисфаш - 5 гол ба Рустам Усмонов, ду гол ба Аҳтам Ҳамроқулов, як голӣ ба Алексей Неъматов, Нӯъмонҷон Ҳакимов ва Маҳмадалӣ Содиқов мутааллиқанд. Дарвозабони моҳири даста Фарҳод Юлдошев, легионери узбакистонӣ, бошад, дар ҳамаи се бозӣ ширкат карда, ягон тӯб сар надод.

Бозигари «Нагакорп» Теат Чандарасоха дар дақиқаи 68-уми дидор қоидаи бозиро дағалона вайрон карда, Маҳмадалӣ Содиқовро аз по афтонд. Сардовари бозӣ Салоҳ Муҳаммад Нур (Баҳрайн) корти сурхро бардошт. Чандарасоха аз бозӣ хориҷ шуд. Қаҳрамони ин бозӣ Содиқови латхӯрдаро дар дақиқаи 71-ум Аҳтам Ҳамроқулов иваз кард. Пас аз чаҳор дақиқа ба ин ҳамлагари моҳир муяссар шуд, ки голи севуми «Вахш»-ро ба самар расонад. Голи Аҳтам мисли голи Рустам айнан аз масофаи 20 метр зада шуд.

Дар ҷараёни ин бозӣ, инчунин, ду нафари дигар аз дастаи «Вахш» иваз шуда буданд. Дар дақиқаи 30-юм ба ҷои бозигари 18-сола Умедҷон Шарифов, ки ӯро офтоб зад ва бозиро идома дода натавонист, Абдуқаюм Қарабоеви 20-сола ба майдон баромад. Бо кӯмаки духтури даста Абдусаттор Қаландаров Умедҷон баъди чанд дақиқа ба худ омад ва саломатиаш барқарор шуд. Духтур ба ӯ маслиҳат дод, ки минбаъд пеш аз сафари кишварҳои ҳавояш хеле гарм мӯи сарашро натарошад.

Ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми дидор Баҳодур Шарифови пуртаҷрибаро бозигари чавон Ҷамолиддин Зардиев иваз кард. Воқеан, Ҷамолиддин, ки дар рӯзи баргузории ин бозӣ - 14-уми май 18-сола шуд, барои бори аввал дар мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат кард ва зодрӯзашро бо ғалаба таҷлил намуд. Пас аз бозӣ ҳамдастаҳояш ӯро самимона табрик карда, иброз доштанд, ки ин ғалабаи онҳо тӯҳфаест ба зодрӯзи Ҷамолиддин.

«Вахш» - ғолиби гурӯҳи «В»

Дар бозии дигари даври севуми гурӯҳи «В», ки дар як вақт байни дастаҳои «Озмоишгоҳи Хон»-и Покистон ва «Ренаун спортс клаб»-и Шри-Ланка 14-уми май дар варзишгоҳи Аунг Сани Янгон баргузор шуд, ғайричашмдошт қаҳрамони Шри-Ланка бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.

Ба ин тартиб, «Вахш» бо 9 имтиёз ва беҳтарин таносуби тӯбҳо - 10-0 дар сабқати гурӯҳи «В» ғолиб шуд.

Дастаҳои «Озмоишгоҳи Хон» (таносуби тӯбҳояш 3-4), «Нагакорп» (5-7) ва «Ренаун» (4-11) се имтиёзӣ гирифта, аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо дар ҷадвали мусобиқа мутаносибан ҷойҳои дуввуму севум ва чаҳорумро касб карданд. Ҳар се даста аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раиси AFC маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати «Вахш» ҳамагӣ ду нафар - ҳимоятгар Асадулло Нуруллоев ва ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов узви дастаи мунтахаби Тоҷикистонанд. Дар ҳайати дастаи «Нагакорп» низ ду бозигари тими миллии Камбоҷа ва як легионер нимҳимоятгар Ҷеми Ҷозеф Ойеволе, аз Нигерия, ҳунарнамоӣ карданд.

«Вахш» дар ин бозӣ низ бо ҳамон ҳайати пешин ба майдон баромад: Фарҳод Юлдошев, Алексей Неъматов, Субҳон Хуҷамов, Асадулло Нуруллоев, Акмал Сабуров, Баҳодур Шарифов (Ҷамолиддин Зардиев, 82), Рустам Хоҷаев , Умедҷон Шарифов (Абдуқаюм Қарабоев, 30), Маҳмадалӣ Содиқов (Аҳтам Ҳамроқулов, 71), Нӯъмонҷон Ҳакимов, Рустам Усмонов .

Гурӯҳи доварони бозӣ: сардовар Салоҳ Муҳаммад Нур (Баҳрайн), ёваронаш - Муҳаммад Ҷаъфар (Баҳрайн), Фарис ал-Шаммар (Кувайт). Довари эҳтиётӣ Алӣ Муҳаммад Шаъбон (Кувайт). Комиссари бозӣ Кумар Чунг Тапа (Непал), нозири доварон Квон Чонг Чул (Кореяи Ҷанубӣ).

Тоҷикон ғалабаи соф ба даст оварданд

Баъди анҷоми ин бозӣ сармураббиёни ҳар ду даста дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон андешаҳои худро перомуни қувваозмои баён карданд:

Прак Сованнара, сармураббии «Нагакорп»: «Дастаи мо дар ин бозӣ ҳарчанд кӯшиш кард, вале ба қаҳрамони Тоҷикистон муқобилият нишон дода натавонист. «Вахш» ғалабаи соф ба даст овард. Ба фикри ман, футболбозони тоҷик ба финал мебароянд ва соҳиби Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё мешаванд. Ман аз доварон шикоят надорам. Онҳо вазифаашонро ба хубӣ иҷро карданд. Сардовар бозигари моро, ки ҳарифашро дар мубориза лат дод, одилона аз майдон ронд. Вале гуфтаниам, ки бозигари мо барқасд чунин рафтор накарда буд ва ҳарифон бояд аз мо хафа нашаванд».

Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш: «Бозии мо бо «Нагакорп» хеле тезутунд гузашт. Дар қисми аввали бозӣ мо 4-5 лаҳзаи хуби голзанӣ доштем ва танҳо аз яктои он истифода кардем. Дар нимаи дуввум бошад, бачаҳои мо хатоҳояшонро ислоҳ намуда, ду голи дигар заданд. Ҳамин тариқ, мо вазифаи аввалини худро бо сарбаландӣ ба ҷо овардем. Ҳамаи бозигарони мо хуб ҳунарнамоӣ карданд. Ва акнун мо ба сабқати ниҳоӣ омодагии ҳамаҷониба хоҳем дид. Макони баргузории сабқати ниҳоиро Конфедеросиюни футболи Осиё муайян мекунад. Ва албатта мехостем, ки бозиҳои ниманиҳоиву ниҳоӣ дар Тоҷикистон баргузор шаванд. Ба ташкилкунандагону мизбонони сабқати интихобӣ барои дар сатҳи баланд гузаштани мусобиқа изҳори сипос мекунем. Аз ҳамаи онҳое, ки ба мо бовар доштанд ва дастаро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд, ташаккур мегӯям ва мухлисони дастаро бо ғалаба дар сабқати интихобӣ муборакбод менамоям».

Бояд гуфт, ки дар се бозӣ се нафар бозигарони «Вахш» - Рустам Хоҷаев , Фирдавс Файзуллоев ва Баҳодур Шарифов огоҳонида шуда, корти зард гирифтаанд, ҳол он ки аз дастаҳои дигар бозигарон аз майдон хориҷ шуда буданд. Яъне, интизоми футболбозони «Вахш» дар ҷараёни бозиҳо низ хеле хуб буд.

«Яданарбон» - соҳиби роҳхат, МТТУ - муддаии роҳхат

Дар гурӯҳи «С», ки се даста ҳунарнамоӣ кард, ҳамагӣ се бозӣ баргузор шуд. МТТУ (Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия) тими «Друкстарс»-и Бутанро бо ҳисоби бузурги 8-0 шикаст дод. Бутаниҳо дар бозии дуввум низ аз дастаи мизбон - «Яданарбон»-и Мянмар бо ҳисоби рекордии 0-11 мағлуб шуданд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ бенасиб монданд. Тақдири роҳхат ба даври ниманиҳоӣ дар бозии байни дастаҳои «Яданарбон» ва МТТУ, ки 13-уми май дар варзишгоҳи «Маркази омодагии ҷавонон»-и Янгон доир шуд, ҳал гашт. Бояд тазаккур дод, мизбононро дар ин дидор натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекард, вале ба туркманҳо танҳо ғалаба зарур буд. Бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Футболбозони Мянмар ва Туркманистон 4-имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мянмариҳо (11-0) ҷои аввал ва туркманҳо (8-0) ҷои дуввумро касб карданд. Бар асоси низомномаи мусобиқа, ба ғайр аз се дастаи ғолиби гурӯҳҳо, инчунин, беҳтарин дастаи ҷои дуввум аз рӯи натоиҷи бозиҳо соҳиби роҳхати чаҳорум ба даври баъдӣ хоҳад шуд. МТТУ алъон муддаии аслии ин роҳхат маҳсуб мешавад.

Бозиҳои гурӯҳи «А» бошанд, бо ширкати чаҳор даста - «Дордой-Бишкек»-и Қирғизистон, «Абахани Лимитед»-и Бангладеш, «Ҳасус»-и Тайван ва «Ню роуд тим»-и Непал дар пойтахти Бангладеш - шаҳри Дакка ҷараён доранд. Сабқати ин гурӯҳ 16-уми май ба анҷом мерасад. Натоиҷи бозиҳои ду даври ин гурӯҳ, ки 12-ум ва 14-уми май доир шуданд, чунинанд: «Дордой-Бишкек» - «Ҳасус» - 5-0, «Абахани» - «Ню роуд тим» - 2-0, «Ню роуд тим» - «Дордой-Бишкек» - 0-3, «Ҳасус» - «Ню роуд тим» - 0-0.
«Дордой-Бишкек» бо 6 имтиёз ва таносуби тӯбҳояш 8-0 дар ҷои аввал аст. «Абахани» бо 4 имтиёз (2-0) дар ҷои дуввум мебошад. «Ҳасус» бо 1 имтиёз севум аст. «Ню роуд тим» бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор дорад ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми раиси AFC бенасиб монд. Дар даври охирин - 16-уми май «Ҳасус» бо «Ню роуд тим» ва «Дордой-Бишкек» бо «Абахани Лимитед» қувваозмоӣ мекунанд. Футболбозони қирғизро дар бозии охирин натиҷаи мусовӣ низ қаноатманд мекунад. Вале бозигарони Бангладеш низ дар сурати пирӯзӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд.

Тата - то боздид!

Ба иттилоъи Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қурғонтеппа, футболбозони тоҷик, ки ёздаҳ рӯз инҷониб дар шаҳри Янгон мебошанд, рӯзҳои шанбеву якшанбе имкони тамошои пойтахти Мянмарро пайдо карданд. Даста бегоҳи 17-уми май ба воситаи ҳавопаймо ба пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок ва аз он ҷо ба пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд парвоз мекунад. Сипас, футболбозони тоҷик пас аз зӯҳри18-уми май тавассути мошинҳои мусофиркаш озими шаҳри Хуҷанд мешаванд. «Вахш» бозии навбатии мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистонро 21-уми май дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастаи «Парвоз» анҷом хоҳад дод. Рӯзи 22-юми май даста ба шаҳри Қурғонтеппа сафар мекунад ва 29-уми май дар майдони худ бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ хоҳад кард.

Ман, Нарзуллохи Латиф, шореҳи варзиши радиои Озодӣ, ки аз шаҳри Янгон ба шунавандагон ва хонандагони сомонаи интернетии Озодӣ аз ҷараёни сафари «Вахш» ба Мянмар ва бозиҳои қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё гузоришҳо пешкаш намудам, мухлисонро бо пирӯзии футболбозони тоҷик дар сабқати гурӯҳии мусобиқаи байнулмилалӣ табрик гуфта, ба умеди ғалабаи «Вахш» дар даври ниҳоӣ ин гузориши худро аз шаҳри Янгон ба поён мерасонам. Тата - то боздид!
XS
SM
MD
LG