Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми тоҷирони кишварҳои исломӣ дар Варзоб


Форуми тиҷоратии кишварҳои узви Конфронси исломӣ бо ширкати тоҷирон ва сармоягузорони 40 кишвар узви ин созмон дар ноҳияи Варзоб ба кори худ оғоз кард.

Дар ин ҳамоиш, ки умдатан намояндагони бахши тиҷорати хусусӣ ширкат доранд, барномаҳои иқтисодӣ барои сармоягузорӣ муаррифӣ мешаванд. Дар ҳошияи ин форум инчунин намоиши дасовардҳои саноатии Тоҷикистон ва ширкатҳои тавлидкунандаи дохилӣ низ доир шудааст.

Тоҷикистон умедвор аст бо доир намудани форуми тиҷоратии кишварҳои узви Конфронси исломӣ битавонад барои иҷрои барномаҳои худ, хусусан дар бахши энержӣ сармоягузоронро ҷалб кунад.

Дар ин ҳамоиш намояндагони ширкатҳои муҳимии тиҷоратии кишварҳое назири Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувейт, Эрон ва Покистон ширкат доранд.

Форуми тиҷоратии мазкур дар остонаи конфросни вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Конфронси исломӣ доир мешавад.

Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Конфронси исломӣ қарор аст, ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе доир шавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG