Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи дуввуми «Вахш» дар Мянмар


Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа дар бозии дуввумаш дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар бар тими «Озмоишгоҳи Хон»-и Покистон бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард.

Боз Рустам Усмонов

Ин бозии даври дуввуми гурӯҳи «В» 12-уми май дар варзишгоҳи Аунг Сани пойтахти Мянмар - шаҳри Янгон баргузор шуд.

Бозии футболбозони тоҷик бо қаҳрамони Покистон, ба ҳавои хеле гарм (беш аз 40 дараҷа) нигоҳ накарда, пуршиддату шавқангез сурат гирифт. Вале дар қисми аввали дидор кушодани ҳисоб ба футболбозон муяссар нашуд. Ҳар ду даста имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, аммо аз онҳо истифода карда натавонистанд. Дар як маврид дарвозабони «Вахш» Фарҳод Юлдошев дар дақиқаи 18-уми бозӣ ғайричашмдошт тӯбро саросема ба назди пои бозигари рақиб партофт, ва аммо, хушбахтона, тӯби ба сӯи дарвоза задаи Маҳмуд Хонро Фарҳод моҳирона баргардонд ва хатояшро ислоҳ намуд.

Нимаи дуввуми бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони тоҷик шурӯъ шуд ва яке аз ҳамлаҳои қурғонтеппагиҳо дар дақиқаи 63-юм бо гол анҷомид. Тӯбро Рустам Хоҷаев ба Нӯъмонҷон Ҳакимов равона кард. Сипас, Рустам Усмонов ба тӯб соҳиб шуда, ба сӯи дарвозаи ҳариф зарба зад. Тӯб ба пои Умедҷон Шарифов бархӯрда, вориди дарвоза шуд. Ва ин голи ягона тақдири бозиро ба фоидаи дастаи «Вахш» ҳал кард.

Ин бозиро дар варзишгоҳи Аунг Сан, ки 20.000 ҷои нишаст дорад, ба ғайр аз кормандони пулису амният ҳамагӣ 200 мухлис тамошо карданд. Бозӣ тавассути телевизиони Мянмар зинда пахш шуд, бинобар ин теъдоди тамошобинон дар варзишгоҳ хеле кам буд. Вале, ба назари ман, чунин мерасад, ки дар Мянмар мардум ба тамошои бозии футбол, аз ҷумла сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC таваҷҷӯҳи зиёд надоранд, ҳарчанд дар бисёр гӯшаҳои шаҳр мо эъломи бозиҳои ин мусобиқаро дидем. Агар ин бозӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла, дар шаҳри Қурғонтеппа доир мешуд, дар варзишгоҳи «Пахтакор» барои сӯзанпартоӣ ҷой ёфт намешуд ва ҳар як бозиро беш аз 12.000 мухлис тамошо мекард.

Пирӯзӣ бар «мунтахаби Покистон»

Дастаи «Вахш» бе муболиға дар ин дидор гӯиё бар тими мунтахаби миллии Покистон ғолиб омад, зеро, ба гуфтаи сармураббии бошгоҳи «Озмоишгоҳи Хон» Саҷҷод Маҳмудхон 13 нафар аъзои даста дар ҳайати тими мунтахаби кишвар бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати «Вахш» ҳамагӣ ду нафар - ҳимоятгар Асадулло Нуруллоев ва ҳамлагар Нӯъмонҷон Ҳакимов узви дастаи мунтахаби Тоҷикистонанд.

Воқеан, дар бозӣ бо қаҳрамони Покистон ҳайати «Вахш» чунин буд: Фарҳод Юлдошев, Алексей Неъматов, Субҳон Хуҷамов, Асадулло Нуруллоев, Акмал Сабуров, Баҳодур Шарифов, Рустам Хоҷаев (Фирдавс Файзуллоев, 80), Умедҷон Шарифов (Аҳтам Ҳамроқулов, 84), Маҳмадалӣ Содиқов, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Рустам Усмонов (Наим Улмасов, 90+1).

Гурӯҳи доварони бозӣ: сардовар Озод Раҳмон (Бангладеш), ёваронаш - Амонат Алӣ Холдор (Бангладеш), Игор Барабаш (Туркманистон). Довари эҳтиётӣ Мумбини Ҳидоят (Эрон). Комиссари бозӣ Кумар Чунг Тапа (Непал), нозири доварон Квон Чонг Чул (Кореяи Ҷанубӣ).

Тоҷикон аз покистониҳо пурқувваттаранд

Баъди анҷоми ин бозӣ нишасти матбуотӣ доир шуд. Нахуст Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш», дар бораи натиҷаи қувваозмоӣ бо қаҳрамони Покистон ба хабарнигорон гуфт: «Бозӣ вазнин буд. То дақиқаи 10-ум рақибонамон серҳаракат буданд. Вале онҳо, ки нисбат ба бачаҳои мо аз ҷиҳати ҷисмонӣ заифтаранд, дар нимаи дуввуми дидор муқобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Комбинатсияи хуби футболбозони мо бо гол анҷомид ва ғалаба бо ҳисоби 1-0 моро комилан қаноатманд кард. Дар бозии севум бо қаҳрамони Камбоҷа ба мо мусовӣ басанда аст, вале мо тамоми кӯшишу ғайратамонро баҳри пирӯзӣ сафарбар хоҳем кард».

Саҷҷод Маҳмудхон, сармураббии тими «Озмоишгоҳи Хон», дар ин нишасти матбуотӣ гуфт: «Мо аз он таассуф мехӯрем, ки лаҳзаҳои хуби голзаниро, бахусус ду бор дар нимаи аввали бозӣ, истифода карда натавонистем. Вале бояд иқрор шуд, ки бозигарони пуртаҷрибаи «Вахш» аз ҷиҳати ҷисмонӣ нисбат ба футболбозони мо пурқувваттар буданд ва бозии ҳирфаӣ нишон доданд. Қаҳрамони Тоҷикистон собит кард, ки чун чаҳор сол муқаддам муддаии аслии роҳхат ба сабқати ниҳоист. Аъзои дастаро бо ғалаба табрик мегӯям!»

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ як нафар бозигари «Вахш» - Фирдавс Файзуллоев корти зард гирифт. Дар бозии аввал Рустам Хоҷаев огоҳонида шуда буд.

«Вахш» - дар ҷои аввал

Дар бозии дигари даври дуввуми гурӯҳи «В», ки дар як вақт байни дастаҳои «Нагакорп»-и Камбоҷа ва «Ренаун спортс клаб»-и Шри-Ланка 12-уми май дар варзишгоҳи «Маркази омодагии ҷавонон»-и Янгон баргузор шуд, футболбозони камбоҷагӣ бо ҳисоби 4-2 ғалаба карданд.

Ба ин тартиб, пас аз ҷамъбасти бозиҳои даври дуввум «Вахш» мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. Футболбозони тоҷик аз ду бозӣ 6 имтиёз ба даст овардаанд ва таносуби тӯбҳояшон 7-0 аст.

Дастаҳои «Озмоишгоҳи Хон» ва «Нагакорп» се имтиёзӣ доранд. Таносуби тӯбҳои камбоҷагиҳо (5-4) нисбат ба покистониҳо (2-2) беҳтар аст, вале аз сабаби он ки қаҳрамони Покистон бар қаҳрамони Камбоҷа дар даври аввал бо ҳисоби 2-1 пирӯз гашта буд, «Озмоишгоҳи Хон» дар мақоми дуввум ва «Нагакорп» дар мақоми севум ҷойгир шудаанд.

Дастаи «Ренаун», ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш аз идомаи мубориза барои Ҷоми раиси AFC маҳрум гашт.

Бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи «В» 14-уми май баргузор мешаванд. «Вахш» дар варзишгоҳи «Маркази омодагии ҷавонон»-и Янгон бо «Нагакорп»-и Камбоҷа қувваозмоӣ хоҳад кард. Бозии дигар байни дастаҳои «Озмоишгоҳи Хон»-и Покистон ва «Ренаун»-и Шри-Ланка дар варзишгоҳи Аунг Сан сурат мегирад. Ҳар ду бозӣ соати 16 ба вақти Янгон ва соати 14.30 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Дастаи «Вахш»-ро ҳадди ақал натиҷаи мусовӣ дар бозии охирини сабқати гурӯҳӣ соҳиби роҳхат ба даври ниманиҳоии мусобиқа мегардонад. Камбоҷагиҳо бошанд, танҳо баҳри ғалаба талош хоҳанд кард. Покистониҳо низ ҳоло имкони ба даври баъдӣ роҳ ёфтанро аз даст надодаанд. Зеро, бар асоси низомномаи мусобиқа, ба ғайр аз се дастаи ғолиби се гурӯҳ, инчунин, беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум соҳиби роҳхати чаҳорум ба даври ниманиҳоӣ хоҳад шуд.

Мянмариҳову туркманҳо - муддаиёни роҳхат

Дар гурӯҳи «С», ки се даста ҳунарнамоӣ мекунад, ду бозӣ баргузор шудааст. МТТУ (Донишгоҳи байналмилалии Туркманистону Туркия) тими «Друкстарс»-и Бутанро бо ҳисоби бузурги 8-0 шикаст дод. Бутаниҳо дар бозии дуввум низ аз дастаи мизбон - «Яданарбон»-и Мянмар бо ҳисоби рекордии 0-11 мағлуб шуданд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ бенасиб монданд.

Дастаҳои «Яданарбон» ва МТТУ се имтиёзӣ доранд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мянмариҳо (11-0) дар ҷои аввал ва туркманҳо (8-0) дар ҷои дуввуманд. Тақдири роҳхат ба даври ниманиҳоӣ дар бозии ин ду даста, ки 13-уми май соати 16 ба вақти Мянмар оғоз меёбад, ҳал хоҳад шуд. Бояд тазаккур дод, ки мизбононро дар ин дидор натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад, вале ба туркманҳо танҳо ғалаба зарур аст.

Бозиҳои гурӯҳи «А» бошанд, бо ширкати чаҳор даста - «Дордой»-и Қирғизистон, «Абахани»-и Бангладеш, «Ҳасус»-и Тайван ва қаҳрамони Непал – «Ню Роуд Тим» дар пойтахти Бангладеш - шаҳри Дакка ҷараён доранд. Сабқати ин гурӯҳ 16-уми май ба анҷом мерасад. Натоиҷи ду бозии аввал, ки 12-уми май доир шуданд, чунинанд:

«Дордой» 5:0 «Ҳасус»
«Абахани» 2:0 «Ню Роуд Тим»

Минглаба - тата

Футболбозони «Вахш», ки ҳашт рӯз инҷониб дар шаҳри Янгон бо тамрину бозиҳо машғуланд, имкони тамошои пойтахти Мянмарро надоранд. Даста пас аз анҷоми сабқат то рӯзи 17-уми май дар ин ҷо мемонад ва дар тӯли се рӯз бо ҷойҳои таърихиву зебоманзари Янгон ошноӣ пайдо хоҳад кард.

Дар Янгон дар муддати як ҳафта мо то андозае бо урфу одат ва забони бирмагӣ шиносоӣ пайдо намудем. Ва ҳангоми муошират бо мянмариҳо, ки забони инглисиро мефаҳманд, мо аввалан ба онҳо бо забони модариашон - бирмагӣ муроҷиат мекунем. Масалан, минглаба - салом, никовла - чӣ ҳол доред?, каунде - хуб, тизюпе - ташаккур, тата - то боздид!

Тавассути сомонаи интернетии радиои Озодӣ мо ҳамарӯза аз рӯйдодҳои тоза дар ҷаҳон ва бахусус, дар Тоҷикистон бохабарем. Аъзои ҳайати варзишии мо таҳти раҳбарии Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қурғонтеппа, аз оқибати даҳшатбори обхезиву сели шадид дар минтақаи Кӯлоб хеле ғамгинанд ва ба ҳамаи осебдидагон ва ба оилаҳое, ки талафоти ҷонӣ додаанд, изҳори ҳамдардӣ ва арзи тасаллият менамоянд.
XS
SM
MD
LG