Ҳушдори Русия
Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия аз қавли мақомоти беҳдоштии он кишвар навиштааст, агар Тоҷикистон барои бозгардонидани кӯдакони то 6-солаи Русия монеа эҷод кунад, дар он сурат Русия бар зидди Тоҷикистон даст ба тадобири шадид хоҳад зад.
Генадий Онишенко, раиси хадамоти беҳдоштии Русия, ба матбуот гуфтааст, ниҳоди ӯ рӯзи 8-уми май аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон хостааст, то барои бозгардонидани кӯдакони то 6-солаи шаҳрванди Русия кӯмак кунад. Вале, ба гуфтаи сардухтури Русия, ҷониби Тоҷикистон ба таври якҷониба ин пешниҳодро рад кардааст.
Ӯ қаблан низ гуфта буд, ки Хадамоти беҳдоштии Русия бо мақсади ҷилавгирӣ аз имкони паҳн шудани беомрии фалаҷи атфол вуруди кӯдакони то шашсолаи Тоҷикистонро ба қаламрави Русия манъ кардааст.
Бино ба навиштаи матбуоти Русия, дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор кӯдаки Русия ба сар мебарад, ки волидайни онҳо дар Тоҷикистон кор мекунанд.
Посухи Тоҷикистон: Даъво асос надорад
Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин даъво беасос аст ва ҳеҷ гуна монеъа барои хурӯҷи кудакони шаҳрванди Русия низ вуҷуд надорад.
Ин дар ҳолест, чанд рӯзи пеш Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистони низ хабари ошкор шудани бемории фалаҷ дар вуҷуди ду тифли Тоҷикистон дар қаламрави Русия рад карда буд.
Қаблан, Геннадий Онишенко хостори хурӯҷи ҳамаи шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон шуда ва ҳамчунин фурӯши хушкмеваи Тоҷикистонро дар бозорҳои кишвараш низ манъ карда буд.
Аммо Ҳамрохон Зарифӣ вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни мулоқот бо сафири Русия хостори бознигарии чунин қарори мақомоти Маскав шуд. Мақомоти Тоҷикистон имкони сирояти фалаҷ тавассути меваи хушкро ғайри мумкин медонанд.
Таърихчаи бозгашти фалаҷи кӯдакон ба Тоҷикистон
Дар поёни моҳи апрели соли ҷорӣ Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз хуруҷи фалаҷи атфол ва бар асри он кушта шудани 12 нафар кӯдак дар Тоҷикистон хабар дод.
Аммо акнун бино ба бархе гузоришҳои дигар, акнун теъдоди гирифторон ба бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон афзоиш ёфтаааст. Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз 68 воҳиди маъмурӣ дар Тоҷикистон хуруҷи беморӣ дар 24 тои он мушоҳида шудааст.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ташхиси генетикии вируси пайдошуда дар Тоҷикистон нишон додааст, ки он аз хонаводаи вируси фалаҷи атфол дар дар иёлати Утар Прадеши Ҳиндустон аст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, гурӯҳи коршиносони созмон ба мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон барои назорати хуруҷи беморӣ ва ошкор кардани саривақтии гирифторон ва муроқибати муносиб аз онҳо кӯмак мекунад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамроҳ бо Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, Маркази назорат ва ҷилавгирӣ аз бемориҳо дар Амрико ва муассисаи имдодии Ротарӣ Интернешл ба Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз густариши бемории фалаҷи атфол кӯмак мекунанд. То кунун Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон 4 миллион ваксин ворид кардааст ва маъракаи фарогири моякӯбии кӯдакон идома дорад.
Дар Тоҷикистон соли 1997 охирин мавриди гирифторӣ ба вируси фалаҷи атфол мушоҳида шуда буд ва кишварро соли 2002, кишвари орӣ аз полиомелит эълом карданд.
Аммо ҳоло маълум нест, ки агар Русия бихоҳад тадобири шадидтареро алайҳи Тоҷикистон рӯи даст бигирад, он чӣ хоҳад буд?