Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби ду пулиси тоҷик дар марз бо Қирғизистон


Ду корманди шӯъбаи корҳои дохилии Исфара ва ронандаи мошини онҳо дар вилояти Ботканти Қирғизистон аз ҷониби ҷавонони маҳаллӣ мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин бора чизе намедонанд.

Хабаргузориҳои қирғизӣ бо такя ба Хадамоти марзбонии худ навиштаанд, ҷавонони маҳаллӣ дар вилояти Боткант ду корманди пулис аз Тоҷикистон ва ронандаи мошини онҳоро латукӯб кардаанд ва танҳо бо дахолати марзбонони қирғиз пароканда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ду шаҳрванди Қирғизистон ҳангоми овардани семент аз Тоҷикистон дар роҳ ба кормандони БДА-и Тоҷикистон 740 соми қирғизӣ пора додаанд ва ҳангоми давом додани роҳи худ дар назди маҳаллаи Кӯктош ба онҳо кормнадони шӯъбаи корҳои дохилии Исфара бо либоси мулкӣ расидаанд. Тоҷирони қирғиз аз ҳамватанони худ дар маҳалли ҳодиса ёрӣ хостаанд ва тақрибан 30-40 ҷавон ду пулиси тоҷик ва ронандаи онҳоро зери латукӯб гирифтаанд.

Ба ҷои ҳодиса марзбонони қирғиз омада, ба сӯи ҳаво тир парронидаанд ва издиҳом пароканда шудааст.

Ва аммо дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Хадамоти марзбонии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ аз ин ҳодиса изҳори беиттилоъӣ карданд.

Маълумоти нав дар ин маврид бо муҷарради дастрас шудан нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG