Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ кирмак мепарварад?


Коҳиши таваҷҷӯҳ ба кирмакпарварӣ


Зарифҷон Ғафуров 21 сол дорад ва бо оғози мавсими кирмакпарварӣ хеле серкор мешавад. Ба Зарифҷон кирмакпарвариро бобояш ҳанӯз даҳ сол пеш омӯзондааст. Имрӯз ӯ кори аҳли оиларо идома медиҳад ва барои парвариши кирмакҳо баргҳои дарахти тутро ҷамъоварӣ мекунад.

Зарифҷон мегӯяд, кирмакпарварӣ вижагиҳои худро дорад. Вай мегӯяд, ҳарорати мӯътадил ва дастрасии ғизо ба кирмакҳо аз умдатарин масъалаҳои парвариши ин соҳа будааст, ки ҳар кадом заҳматро тақозо мекунад.

Вале дар имсол барои Зарифҷон барои кирмакпарварияш масъулин ҳамагӣ 50 сомонӣ додаанд. Падари ӯ Шарифҷон Ғафуров мегӯяд, солҳои охир завқи деҳқонон аз кирмакпарварӣ коста шудааст, зеро аз он ҳеҷ фоидае нест. Дар баробари маблағи кам, шароити номусоиди манзил ҳам барои бисёриҳо имкон намедодааст, ки ба кирмакпарварӣ ҷиддан машғул шаванд.

Исмоил Ҳайдаров, мудири корхонаи истеҳсоли тухми кирмак дар Хуҷанд, мегӯяд, ҳоло мушкили деҳқонон дар ин соҳа коҳиш ёфтааст. Ӯ мегӯяд, соли ҷорӣ барои аввалин бор деҳқонони кирмакпарвари Суғд аз тухмии худӣ истифода кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Ҳайдаров, то ин муддат тухмии кирмак аз Чин ва Вйетнам оварда мешуд.

Аз кирмакпарварӣ чӣ фоида?


Ба гуфтаи оқои Ҳайдаров, ташкили боғу тутзорҳо яке аз аз умдатарин масъалаҳои рушди кирмакпарӣ дар кишвар будааст.

Холаи Муҳаббат, аммо, мегӯяд, аксари занҳо ин шуғлро тарк гуфта, ба бозор рӯ овардаанд. Холаи Муҳаббат мегӯяд, дар замони Шӯравӣ дар хонҳаои зиёде кирмак дида мешуд, чун ба пули солонаи кирмакпарварӣ ҳатто манзил бунёд карда метавонистанд.

Вале ҳоло, Зарифҷон мегӯяд, барои ҳар кило пиллаи аз кирмак тайёршуда ба онҳо то 5 сомонӣ ҳақмузд медиҳанд, ки чунин миқдор маблағ барои зиндагии онҳо нокифоя будааст.
XS
SM
MD
LG