Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе-Чаноқ арзон мешавад


Мақомоти ширкати “Иновейшн роуд солюшен ”, ки системаи толллингии хидматсаронии пулакӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқро бар дӯш дорад, мегӯянд, аз аввали моҳи май таруфаҳои ин роҳпулӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Шамсиддин Гулов, сармуҳосиби ин ширкат гуфт, аз як ҳафта ба ин сӯ, бо Кумитаи зидди инҳисорӣ ин масъала дар ҳоли баррасӣ аст. Вале то ба ҳол ба хулосае наомадаем. Аммо гуфт, ӯ “мутмаъинам, ки аз якуми моҳи май таруфаҳо ба сӯи коҳиш иваз хоҳад шуд”.

Мақомоти ин ширкат гуфтанд, ки бо як қатор кишварҳо дар ин замина ҳамкорӣ доранд. Вале аз ифшои номи он кишварҳо худдорӣ карднд. Дар ҳоле, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад.

Зафар Қосимов, намояндаи ин ширкат гуфт, ки онҳо дар музоида баранда шудаанд, вале ба гуфтаи намояндаи дигари ин ширкат, Фаррух Каримов, директори филиали он дар Тоҷикистон, ин ширкатро давлат бидуни музояда интихоб кардааст.

Мақомоти ин ширкат ба ин суолҳо, ки саҳомдорони ин ширкат кӣ ҳаст ва барои чӣ соли гузашта дар ҷазираҳои Верҷиния таъсис шудааст, бо истинод ба сиррӣ иқтисодӣ посух надоданд.

Ин дар ҳолест, ки дар як моҳи пулакӣ шудани ин роҳ норизоятии мардум аз гаронии таруфаҳо афзуд ва ахиран сокинони ноҳияи Варзоб гирдиҳамоии эътирозиро баргузор карданд. Ва беш аз даҳ ҳазор сокини ин ноҳия унвонии раиси ҷумҳур номаи эътирозӣ ирсол карданд.

Нахустин роҳи пулакии Тоҷикистон

Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.

Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд.

Роҳи Душанбе–Бӯстон-Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд.

Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд.

Роҳи Душанбе–Хуҷанд-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.

Эътироз аз роҳи пулакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00
XS
SM
MD
LG