Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобкориҳои селхезӣ


Бар асари бориши шадиди борону жола рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Панҷакент ва деҳоти атрофи он сели азим омада, ҳудуди 100 манзили зист, 400 ҳектор заминҳои кишт, даҳҳо километр хати барқ ва ҷуйбору каналҳоро тахриб ва беш аз 100 сар чорворо нобуд кардааст.

Сар аз шаби дирӯз бо сарварии раиси шаҳри Панҷакент барои муайян намудани хисороти офати табиӣ, бартарафсозии хисороти он ва кумак ба осебдидагон як комиссиюни вижа таъсис ва ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Саъдӣ Раҳматов, як тан аз сокинони маркази шаҳри Панҷакент, ки шоҳиди омадани сел будааст, мегӯяд, баландии сел тақрибан 4 метр буд. Сели азим соҳилҳоро шуста, дар пеши назари ӯ хонаи ҳамосяаашро руфта бурдааст.

Ба гуфтаи ӯ, сел дарахтони бузургро канда, ба рӯди Зарафшон андохтааст. Селхезӣ як бахши идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷакентро бо замину боғҳояш руфта бурдааст.

Зани дигаре шикоят мекунад, ки агарчи намояндагони мақомот аз маҳаллаи осебдидаи онҳо дидан кардаанд, вале ҳудуди як шабонарӯз аст, ки онҳо аз набуди барқу оби нушокӣ дар азият будаанд.

Вале сардори ситоди ҳолатҳои изтирории минтақа Парвиз Амонов гуфт, ки аз субҳи имрӯз мутахассисони соҳаи барқу обрасонӣ ба барқарор намудани хатҳои тахрибшуда шурӯъ кардаанд.

Вай афзуд, ба ашхоси зиёндида кумакҳои ғизоӣ расонида мешавад ва барои бартараф намудани офати табиӣ гурӯҳҳои махсус ба кор оғоз намудаанд.

Ба гуфтаи сокинони минтақа, дар соли 2003 низ чунин селхезӣ дар деҳоту шаҳри Панҷакент рух додааст. Аммо, мегӯянд онҳо, хисороти сели дирӯза аз селобҳои қаблӣ ба маротиб бештар будааст.
XS
SM
MD
LG