Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии муштзанҳои ҷавони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ


Ду муштзани тоҷик – Нодир Муҳаммадиев ва Меҳроҷиддин Каримов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни навҷавонони 17-18-сола, ки дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку ҷараён дорад, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Нодир Муҳаммадиев дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг аз рақибаш Бежан Хуҷастии эронӣ аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 4:7 мағлуб шуд.

«Гулливер»-и тоҷик Меҳроҷиддин Каримов бошад, қувваозмоиро дар вазни аз 90 кг боло ба муштзани қазоқ Давлат Мӯсобоев бо ҳисоби 1:7 бой дод.

Ду муштзани дигари ҷавони тоҷик – Ораз Афзалшоев дар вазни то 54 кг 28-уми апрел бо Мӯсо Раҳмон Лавсон (аз Гана) ва Сиёвуш Зуҳуров дар вазни то 91 кг 29-уми апрел бо Фабио Турчии итолиёвӣ рақобат хоҳанд кард.

Дар сабқати ҷаҳонӣ муштзанҳои ҷавони беш аз 100 кишвар, ҳамчунин, барои ба даст овардани роҳхатҳо ба нахустин Бозиҳои олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли равон дар Сингапур баргузор мешаванд, мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG