Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари муштзанҳои тоҷик ба шаҳри Боку


Меҳроҷиддин Каримов, муштзани тоҷик
Меҳроҷиддин Каримов, муштзани тоҷик

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон, ки 25-уми апрел дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку шурӯъ мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии дастаи Тоҷикистон, дар сабқати ҷаҳонӣ шарафи бокси тоҷикро муштзанҳои ҷавон Ораз Афзалшоев дар вазни то 54 кило, Нодир Муҳаммадиев дар вазни то 81 кило ва Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кило ҳимоя хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Абдурашид Маҳмадҷонов муштзанҳои ҷавони тоҷик ба ин мусобиқа тӯли ду ҳафта дар Ҷумҳурии Қазоқистон хуб омодагӣ дидаанд. Оқои Маҳмадҷонов мегӯяд, мусобиқаи Боку барои варзишгарони тоҷик як навъ имтиҳонест пеш аз нахустин Бозиҳои олимпии наврасон, ки моҳи августи соли равон дар Сингапур доир хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG