Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомади боздошти вагонҳо барои Тоҷикистон


Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, гуфтааст, дар се моҳи ахир ин ширкат даҳ миллион доллар зарар дидааст. Ӯ гуфт, боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон ба ҳаҷми ин зиён афзуда аст.

Раиси ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон дар нишасти матбуотияш субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳудуди ду моҳ боз вагонҳои Тоҷикистон аз марзи Узбакистон ба ин сӯ омада наметавонанд ва Тоҷикистон дар ин маврид маҷбур мешавад, ки ба соҳибони борҳо миллионҳо доллар ҷуброн пардохт намояд.

Амонулло Ҳукуматулло шумори вагонҳои дар Узбакистон «хобрафта»-ро 1186 номид ва гуфт, аксарияти онҳо, қариб 800 вагонаш, ба самти Хатлон равона буданд. Дар ин вагонҳо маводи сӯхт, масолеҳи сохтмонӣ, гилхок, булдозерҳову экскаваторҳо ва ғайра будаанд. Ӯ гуфт, агар ин техника саривақт ба маҳаллашон мерасид, корҳои соҳилбандӣ саривақт иҷро мешуд ва эҳтимол дар он ҳолат оқибатҳои селҳои ахир ҳам камтар харобиовар мебуд.

Ҷаноби Ҳукуматулло гуфт, мушкил миёни ду ширкати роҳи оҳан нест, зеро, ба бовари ӯ, дар ин сурат мушкил бартараф мешуд. Ӯ сабабҳои пешовардаи ҷониби Узбакистонро дар мавриди хароб шудани қитъаҳои роҳ баҳона номид ва гуфт, дар он сурат қаторҳои мусофиркашонӣ низ дар банд мемонданд.

Раиси ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳамаи муроҷиатҳояшон ба Шӯрои байнидавлатии роҳҳои ИДМ дар заминаи мусоидат ба ҳалли ин қазия натиҷа надодааст. Сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе, ки маводи сӯхташон барои нерӯҳои мустақар дар Афғонистон дар миёни вагонҳои боздоштшуда аст, низ ба муроҷиатҳои ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон посух надодаанд.
XS
SM
MD
LG