Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар нерӯгоҳи Роғун


Ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ 20-уми апрел ошноӣ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳи Роғунро оғоз карданд. Ҳадафи ин гурӯҳ мушоҳида ва баҳогузорӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Роғун унвон шудааст.

Саидқул Қурбонов, сухангӯи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳайат поёни ҳамин рӯз ба Душанбе бармегардад ва фардо барои ошноӣ бо вазъи нерӯгоҳи Норак озими он шаҳр хоҳад шуд. Қарор аст, сафари аввалин гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ як ҳафта давом кунад.

Ахиран, миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ созишномае имзо гардид, ки тибқи он Бонки ҷаҳонӣ дар арзёбии фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун иштирок хоҳад дошт ва дар пайи натиҷаҳои ин ташхис давлати Тоҷикистон хоҳад тавонист, то ба Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати ташкили консорсиюми байнулмилалӣ ва ҷалби сармоя муроҷиат намояд.

Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, арзёбии хатароти эҳтимолӣ ва манфиати нерӯгоҳи Роғун дар чаҳорчӯби тамоми меъёру муқаррароти Бонки Ҷаҳонӣ, хулосаи коршиносони мустақили байналмилалӣ ва машварат бо кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ анҷом хоҳад шуд.

Бонки ҷаҳонӣ эълом дошта буд, ки мавзӯъи иштирокаш дар такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун танҳо баъди анҷоми арзёбӣ ва таъйиди коромадӣ ва манфиатовар будани нерӯгоҳ матраҳ хоҳад шуд.

Арзёбии байнулмилалии Роғун яке аз иддаоҳои давлати Узбакистон – ашаддитарин мухолифи ин тарҳ мебошад. Ҳукумати Ӯзбакистон мегӯяд, бунёди обанбори азим барои Роғун, дар Тоҷикистон сабаби коҳиши маҷрои об ба кишварҳои поёноб шуда ба ва вазъи муҳити зист ва зиндагии мардум дар Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мегузорад.

Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро беасос хонда ва мегӯяд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун зимни тақсими об бо ҳамсояҳояш беадолатӣ нахоҳад кард. Дар сурати такмил, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегават соат, қодир ба тавлиди бештар аз 13 миллиард киловат соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG