Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дави ниммарафони байнулмилалӣ дар Рӯзи пойтахт


Субҳи имрӯз, 17-уми апрел, дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахти Тоҷикистон нахустин ниммарафони байнулмилалӣ бо ширкати варзишгарони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони шаҳрдорӣ шурӯъ шуд.

Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, «дар ин пойгаи давандаҳо, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир мешавад, ширкати варзишгарони бародаршаҳрҳои пойтахти Тоҷикистон, монанди Маскав ва Санкт-Петербурги Русия, Анқараи Туркия, Урумчии Чин, Остонаи Қазоқистон, Теҳрону Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ғайра ширкат мекунанд. Вале аксари кулли ширкаткунандагони пойгаро варзишгарони тоҷик ташкил медиҳанд, ки манотиқи мухталифи кишварро намояндагӣ мекунанд».

Ба гуфтаи дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ва намояндагони як қатор сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ низ дар ниммарафон ширкат меварзанд.

Ин сабқати дав, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, аз рӯи масири дидбонгоҳи Чорбоғ–хиёбони Ҳофизи Шерозӣ-маҳаллаи Хоҷамбиё–Боғи ботаникӣ-хиёбони Рӯдакӣ-майдони «Дӯстӣ» (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) доир хоҳад шуд.

Ғолибони пойга бо мукофоти пулии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз мешаванд. Ба ғолибони пойга байни мардону занон 3500-долларӣ супурда хоҳад шуд. Онҳое, ки ҷойҳои дуввумро касб мекунанд, 3000 долларӣ мегиранд. Барои ҷойҳои сеюм 2500 долларӣ, барои ҷойҳои чаҳорум 2000 долларӣ, барои ҷойҳои панҷум 1800 долларӣ ва барои ҷойҳои шашум 1500 долларӣ муқаррар шудааст.

Дар чаҳорчӯби барномаи таҷлили Рӯзи пойтахт дар Душанбе ҳамчунин баргузории маъракаҳои фарҳангӣ ва ҳашари умумишаҳрӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG