Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии аввалини «Вахш» дар мусобиқаи лигаи олӣ


Даври сеюми мусобиқаи XIX қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 15-уми апрел бо бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ва «Хайр»-и Ваҳдат оғоз ёфт.

Ин аввалин бозии мусобиқаи имсола дар варзишгоҳи «Пахтакор» маҳсуб мешуд. Бинобар ин пеш аз оғози бозӣ маросими кушоиши мусобиқа доир гардид. Футболбозону мураббиён ва мухлисонро бо оғози мусобиқаи имсола дар шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, муовини раиси вилояти Хатлон, Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон табрик карда, ба дастаҳои «Вахш» ва «Хайр» барори кору пирӯзиҳо орзу намуданд.

Бозӣ бо ғалабаи «Вахш» бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Голро ҳамлагари мизбонон Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 54-ум ба самар расонд.

вахш 1-0 хайр
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00


Вале ин пирӯзӣ ба дастаи қаҳрамон ба осонӣ ба даст наомад. Зеро тими ҷадиди лигаи олӣ, ки дар ҳайати он бисёр футболбозони пуртаҷриба, монанди Исроил Идиев (капитани даста), Ҷамолиддин Оев, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Низом Раҳимов, Ҷамшед Ҳабибуллоев, Далер Шарифов, Мирзобек Мирзоев ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд, ба «Вахш» муқобилияти сахт нишон дод.

Юсуф Абдуллоев, сармураббии «Хайр», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди бохт аз ҳунарнамоии дастааш дар меҳмонӣ қаноатманд аст. Вай афзуд, агар Фирӯз Абдураҳмонов лаҳзаи хуби голзаниро истифода мекард, бешак, бозӣ тобиши дигар мегирифт.

Ва аммо Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии «Вахш», иброз дошт, ки даста дар бозии аввали имсола дар майдони худ ба хатоҳои зиёд роҳ дод, вагарна ҳисоб зиёд мешуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин, вазъи на чандон хуби чамани майдони бозӣ ба футболбозон имкон надод, ки маҳорати худро пурра зоҳир намоянд.

Аҳтам Ҳамроқулов барои голи аввалини «Вахш», дарвозабон Фарҳод Юлдошев ва ҳимоятгар Акмал Сабуров ҳамчун бозигарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои мухлиси ашаддии дастаи «Вахш» Эшони Саидакбар мукофотонида шуданд.

«Вахш» баъди ғалабаи аввалин дар ҷадвали мусобиқа аз ҷои охирин якбора панҷ зина боло – ба ҷои чаҳорум баромад. Вале «Хайр» пас аз бохти дуюми пасиҳам дар сафар дар зинаи охирин қарор гирифт.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 6 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 4 имтиёз ҷои дуюм ва «Истиқлол»-и Душанбе бо 3 имтиёз ҷои сеюмро касб кардаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 17-уми апрел:


Б Ғ М Б Т И

1. «Регар» ТадАЗ 2 2 0 0 6-0 6

2. «Парвоз» 2 1 1 0 3-0 4

3. «Истиқлол» 1 1 0 0 2-1 3

4. «Вахш» 2 1 0 1 1-2 3

5. «Хуҷанд» 2 0 2 0 2-2 2

6. ССКА «Помир» 2 0 2 0 1-1 2

7. «Энергетик» 2 0 1 1 2-3 1

8. «Равшан» 2 0 1 1 1-4 1

9. «Хайр» 3 0 1 2 1-6 1


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Даврон Тухтасунов ва Жаилтон Оливейра (ҳарду аз «Регар» ТадАЗ) бо дуголӣ пешқадаманд.

Даври 3-юм
17-уми апрел (шанбе)

«Парвоз» - «Истиқлол»
«Регар» ТадАЗ - «Равшан»
18-уми апрел (якшанбе)
«Хуҷанд» - ССКА «Помир»
XS
SM
MD
LG