Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эьтирози сардабирон аз кори додрас Амриддин Сафоев


Сардабирони се нашрияи мустақили Тоҷикистон, “Фараж”, “Озодагон” ва “Азия плюс” мегӯянд, дар ҷараёни баррасии парвандаи ин се нашрия дар додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, қонуни баррасии додгоҳӣ риоя нашудааст.

Сардабирони нашрияҳои мазкур, ки додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвои се додраси додгоҳҳои Тоҷикистон аз болои ин нашрияҳоро баррасӣ мекунад, гуфтаанд, қозии парвандаи онҳо назари ҷониби ҷавобагар, яъне онҳоро дар баррасиҳои додгоҳӣ ба инобат нагирифтааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “Азия плюс” гуфтааст, ки агар ҷаласаи ояндаи додгоҳ низ ба ҳамин шева идома кунад, имкон дорад, ки ҷониби нашрияҳо табдили додраси ин парванда, Амриддин Сафоевро тақозо кунанд.

Сардабирон гуфтаанд, бо вуҷуди эътирози чандинбораи онҳо, додраси парванда ҳамчунон талош кардааст, ки дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҷараён гирифтани ҷаласаи додгоҳ ва ҳақ будани иқдомоти худро собит кунад.

Хуршед Ниёзов, сардабари нашрияи “Фараж” гуфтааст, Солиҷон Ҷӯраев, ҳамҷавобгари ин парванда низ аз кори додрас Амриддин Сафоев изҳори норизоятӣ карда ва хостори табдили ӯ шудааст.

Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи “Азия плюс” гуфтааст, ки ин ҷараёни додгоҳӣ навъе фишор ба фаъолияти ҳамаи расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон аст.

Шикояти додрасҳо ба як матлаби интиқодие рабт дорад, ки дар моҳи январ дар саҳфаи нашрияҳои "Озодагон", "Фараж" ва "Азия-плюс" нашр шуд. Дар ин матлаб баррасии парвандаҳо аз сӯи бархеи додрасҳо ғайримунсифона унвон шудааст.

Додрасҳо Нур Нуров, Улуғбек Мамадшоев ва Фахриддин Додоматов чопи ин маводро “тӯҳматомез” номида, аз ин се нашрия 5,5 миллион сомонӣ товон хостаанд.

Матолиби бештар дар ин робита:

Нигаронии Амрико аз даъво алайҳи нашрияҳои Тоҷикистон

Эҳтимоли оштии се додрас бо се нашрия

Муҳокимаи додгоҳии нашрияҳо ба фардо гузошта шуд
XS
SM
MD
LG