Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ дар Восеъ як деҳаро хароб кард


Бар асари обхезии дарёи Сурхоб нисфирӯзии 11-уми апрел наздики сад хона дар деҳаи Боғи калони ҷамоати Пахтакори ноҳияи Восеъ, хароб шудаанд. Хушбахтона, ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

Масъулини идораи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Восеъ бо таъйиди ин ба Радиои Озодӣ гуфтанд, феълан, мардумро аз минтақаи офатзада бо қаиқҳо наҷот дода истодаанд. Мақомот мегӯянд, дар бораи хисороти молӣ ҳанӯз ҳеҷ чиз гуфта наметавонанд.

Дар охири соли гузашта барои корҳои соҳилбандӣ дар ин минтақа ду миллион сомонӣ ҷудо карда шуда буд, вале ба угфтаи мардуми маҳаллӣ дар ин муддат ҳеҷ коре барои пешгирӣ аз обхезӣ анҷом нашуд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, дар боронҳои ҳафтаи қабл низ беш аз сад гектар киштзор дар Восеъ зарар дидааст.

Масъулини ҳолатҳои изтирории ноҳия мегӯянд, пули бузурге, ки дар ин минтақа шоҳроҳи Бӯстон-Чаноқ-Кӯлоб-Бадахшонро мепайвандад, дар ҳоли харобшавист.
XS
SM
MD
LG