Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек ниҳоди муваққати раҳбарӣ ташкил шуд


Роза Отунбоева -вазири пешини корҳои хориҷаи Қирғизистон гуфтааст, ки баъд аз барканории эҳтимолии Қурмонбек Боқиев аз мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар раёсати як ниҳоди муваққати раҳбариро, ки "сарпарасти ҳукумат" ном дорад, бар ӯҳда гирифтааст. Отунбоева, ки дар ҳукумати Боқиев муддате вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон буд, ин суханонро рӯзи чаҳоршанбе баъд аз задухӯрди миёни эътрозкунандагон ва нируҳои амниятӣ баён дошт. Дар ин задухӯрдҳо, дастикам, 40 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, мухолифон ниҳодҳои амниятии кишвар, шабакаи телевизиони давлатӣ ва дигар биноҳои давлативу ҳукуматиро дар ихтиёри худ гирифтаанд. Отунбоева ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, онҳо ба нақша гирифтаанд, ки як ҳукумати муваққат ё давраи гузорро барои 6 моҳ ташкил диҳанд, то дар ин кишвар тарҳи Қонуни Асосии нав таҳия шавад. Намояндагони мухолифон мегӯянд, ки Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳур Бишкекро тарк кардааст ва ба сӯи шаҳри Ӯш рафтааст.
XS
SM
MD
LG