Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Парвоз» ва «Регар» - пешсафони мусобиқаи лигаи олӣ


Бозии охирини даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2-0 ба анҷом расид.

Ин бозии марказии даври аввал байни рақибони аслӣ - «Регар» ТадАЗ ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа 6-уми апрел дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд.

Ҳарду голро мизбонон дар нимаи аввали дидор ба самар расонданд. Нахуст Жаилтон Оливейра аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард. Баъдан голи дуввумро Хуршед Маҳмудов зад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи имсола 9 даста дар чаҳор давра қувваозмоӣ мекунанд. Федеросиюни футболи Тоҷикистон тақвими ду давраи бозиҳоро, ки аз 3-юми апрел то 1-уми август идома хоҳанд кард, тасдиқ намудааст.

Се бозии дигари даври аввал бо чунин натиҷаҳо хотима ёфта буд: «Энергетик» (Душанбе) - ССКА «Помир» - 1-1 (голҳо: Шодибек Ғаффоров - «Энергетик», дақиқаи 37-ум) ва Габриел Донтох (ССКА «Помир», 39-ум), «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Хайр» (Ваҳдат) – 1-1 ( голҳо: Равшан Марофиев - «Хуҷанд», дақиқаи 6-ум, Мирзобек Мирзоев - «Хайр», дақиқаи 42-юм), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Равшан» (Кӯлоб) – 3-0 (голҳо: Абдуаҳад Набиев, Хайрулло Ғайбуллоев ва Собирҷон Эргашев).

Ба ин тартиб пас аз натиҷагирии даври аввали мусобиқа дастаҳои «Парвоз» ва «Регар» ТадАЗ сеимтиёзӣ ба даст овардаанд. ССКА «Помир», «Хайр», «Хуҷанд» ва «Энергетик» якимтиёзӣ доранд. Дастаҳои «Вахш», «Равшан» ва «Истиқлол» имтиёз ба даст наовардаанд. Дар воқеъ, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии кишвар озод буд.

Дар даври 2-юми мусобиқа 10-уми апрел дастаҳои «Равшан» - «Хуҷанд», «Истиқлол» - «Энергетик», 11-уми апрел ССКА «Помир» - «Парвоз» ва «Хайр» - "Регар"-и ТадАЗ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дастаи «Вахш» дар ин давр истироҳат мекунад.

XS
SM
MD
LG