Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи аввали дабири кулли СММ дар Душанбе


Бан Кӣ Мун, дабири куллии СММ, дар рӯзи нахустини сафари худ ба Тоҷикистон бо раисҷумҳури кишвар мулоқот кард, намоиши аксҳо аз оқибатҳои минаро тамошо кард ва дар муаррифии як тарҳе оид ба захираҳои оби Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Бегоҳи имрӯз дабири кулли СММ ҳамчунин бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони кишвар, вомехӯрад ва сипас, фардо субҳ барои хабарнигорон аз дидаҳои шунидаҳои худ мегӯяд.

Мақомоти Душанбе сафари Бан Кӣ Мун дабири кулии СММ -ро тавассути чархбол ба силсилаи нирӯгоҳҳои рӯдхонаи Вахш, ки нирӯгоҳи баҳсбарангези Роғун низ бояд дар ҳамин рӯдхона сохта шавад, барномарезӣ карда буданд. Аммо субҳи душанбе мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки боздиди Бан Кӣ Мун аз силсилаи нирӯгоҳи рӯдхонаи Вахш аз барномаи сафараш лағв шудааст.

Дабири кулл дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00
XS
SM
MD
LG