Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими нави футбол дар Тоҷикистон


Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон 3-юми апрел бо бозиҳои нахустин даври мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ оғоз мешавад.

Мусобиқаи имсола бо ширкати 9 даста дар чаҳор давра баргузор хоҳад шуд. Федеросиюни футболи Тоҷикистон тақвими ду давраи бозиҳоро, ки аз 3-юми апрел то 1-уми август идома хоҳанд кард, тасдиқ намудааст.

Дар нахустин даври мусобиқа 3-юми апрел дар варзишгоҳи ба номи Сафарбек Каримови ноҳияи Хуросон ду дастаи шаҳри Душанбе - «Энергетик» ва ССКА «Помир», дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд дастаи мизбон – «Хуҷанд» ва тими нави лигаи олӣ - «Хайр»-и Ваҳдат қувваозмоӣ мекунанд. Бозии дигар 4-уми апрел дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров байни дастаи мизбон - «Парвоз» ва «Равшан»-и Кӯлоб сурат мегирад. Бозии охирини даври аввал 6-уми апрел дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад.

Вале дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, нахустин барандаи Ҷоми олии Тоҷикистон, аз бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии кишвар озод аст. «Истиқлол» дар нахустин бозиаш 10-уми апрел дар майдони худ бо тими «Энергетик»-и Душанбе қувваозмоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG