Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё дар фикри Роғун ҳастед?


Ҳафтаномаҳои чопи душанберо ин ҳафта варақ мезанаму ба мавзӯъҳои доғтарин ё ба истилоҳи радиои Озодӣ «топ стории» ҳафтаномаҳо таваҷҷӯҳ мекунам. “Талошу кӯшишҳои президенти Узбактистон Ислом Кариов ва ҳукумати ӯ дар роҳи танг сохтани сохтмони Роғун, меҳмонҳои Тошканд, эътирози талабаҳо алайҳи ТАЛКО ва фурӯшу хариди саҳмияҳои Роғун” мавзӯъҳои муҳимми ин нашрияҳо мебошад.

Вақте ба сатрҳои ҳафтаномаҳо диққат мекунам, тасаввуре дар зеҳнам пайдо мешавад, ки Тошканд бо тамоми нерӯ ва бо охирин имконият мехоҳад садди сохтмони Роғуни барои мардуми Тоҷикистон ҳаётӣ шавад.

Меҳмонҳое, ки тақрибан дар як моҳи ахир дар мизбонии Ислом Каримов буданд, мисли Сергей Иванов, муовини нахуствазири Русия, Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар мавриди Роғун гӯё як матни омодакардаи Каримов, яъне «агар мехоҳед чунин истгоҳҳои барқии бузург бисозед, бояд назари ҳамсояҳоро ба эътибор гиред», - ро қироат мекарданду мерафтанд.

Ин ки мавқеи Тошканд чунин аст, барои ҳамагӣ рушан аст ва ҷои ташреҳи дигар надорад. Аммо суоле боз ҳам халқ мешавад ва посух мехоҳад он аст, ки дар чунин як лаҳзаҳои ҳассос мақомот ва ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон ба чӣ коре машғуланд.

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз як сӯ дар бунбасти иртиботӣ қарор гирифта, аз ҷониби дигар сармояи кофӣ барои сохтмони Роғунро дар ихтиёр надорад ва ҳам мардуми зиёде аз навҳи ҷамъоварии саромяи мардумӣ барои ин сохтмон норозӣ ҳастанд, роҳи Душанбе – Бӯстон - Чаноқ пулакӣ мешавад. Ин воқеан як роҳи ҳаётӣ барои мардуми ин кишвар аст, ки ҷануби шимоли Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад. Моҳи гузашта ҳудуди 12 нафар аз як тарма дар ин роҳ ҷон доданд, ки аксарашон ҷавонон буданд.

Аммо чаро дар ин марҳилаи ҳассос ин роҳ пулакӣ шуд ва он ҳам дар ҳоле, ки сохтмонаш то поён анҷом нашудааст. Мақомоти масъул то кунун дар баробари ин суолҳо лаб накушодаанд.

Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ки фурсати пулакӣ кардани ин роҳ нарасидааст, зеро роҳи алтернативӣ дар ин хатти ҳаракат мавҷуд нест ва тибқи меъёрҳои байналмилалии пазируфташуда, дар сурати пулакӣ шудани роҳ: бояд роҳи алтернативии бепул вуҷуд дошат бошад.

Оё роҳи алтенативии аққалан Душанбе - Варзоб вуҷуд дорад? Оё роҳи алтернативии Чорбоғ - туннели Анзоб вуҷуд дорад? Ё роҳи алтернативии Айнӣ то Бӯстони Мастчоҳ вуҷуд дорад?

Дар ин масъала, ки ба саросари Тоҷикистон тааллуқ дошт, аққалан назари мардум ба эътибор гирифта нашуд ва матни ин тарҳ дар матбуот нашр нашуд.

Як корманди идораи андози пойтахт мегӯяд, ҳар рӯз аз Варзоб ба Душанбе ба кор меояд ва ӯ бояд 30 ҳангоми омдан пардозад ва 30 сомонии дигари дар вақти бозшат. Ҳар рӯз 60 сомон бояд бидиҳад… Ин як мисоли кучак аст.

Идораи бозрасии роҳҳо барои таксиҳо рақами нав бо ранги зардро ҷорӣ кардааст, ки аксари ронандаҳо инро боз як наҳваи «ба даст овардани пул» медонанд.

Ҳатто вақе 5 уми январ аз тариқи телевизион ҷумҳурӣ президент, Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба харидани саҳмияи Роғун даъват мекард, фардои ҳамон рӯз ширкати “Барқи тоҷик” қимати барқ дар саросари кишварро боло бурд.
Оё ин иқдоми бармаҳал ва ё саривақтӣ буд?

Мардуми Тоҷикистон, манзурам қишри «коргару деҳдон», вақте маблағе ба даст меорад, ҳатман дар чорроҳаи фикрӣ қарор хоҳад гирифт, ки пули роҳро пардозад, барои маблағи барзиёдии барқ захира кунад ё саҳмияи Роғунро бихарад? Кадом?

Ҳафтаномаҳои ин ҳафтаро варақ мезанаму мебинам, ки ҳатто саҳмдорони Роғун мисли ин ки ба танг омадаанд ва мепурсанд, ки саҳмияи Роғун маҳз барои мардуми оддӣ ҳаст?

Ҳоло аз кашокашҳои Тошканд рӯшан мешавад, ки масъалаи Роғун агар пештар аз баҳсҳои байналмилалӣ ба сӯҳбати сари дастурхони мардуми тоҷик оварда шуда буд, ҳоло боз ба баҳси байналмилалӣ табдил шудааст.

Гузашта аз ин, мувофиқи хабари вазорати роҳ ҳудуди 1400 вагони ҳомили маҳсулоти мухталиф шурӯъ аз маводи хурданӣ то масолеҳи сохтмонӣ, то булозеру экскваторҳои Роғун дар истгоҳҳои роҳи оҳани Узбакистон банд ҳастанд. Дар паси ин вагонҳо даҳҳо соҳибкори тоҷик меистад, ки баъзеи онҳо барои сохтмони неругоҳи Роғун саҳми амалӣ гузоштаанд.

Усулан иқдоми муассисаву вазоратҳои Тоҷикистон дар амри пулакӣ намудани роҳ ва боло бурдани қиммати барқ шояд дуруст бошад, вале дар чунин шароити набудани роҳи алтернативӣ ва дар як лаҳзаи бисёр ҳассосу сарнавиштсоз чандон ба маврид маълум намешавад.

Суоле пеш меояд, ки оё ин «иқдом»-ҳо мардумро, ки дар роҳи сохтмони Роғун азми нангу номус кардаанд, дар дуроҳаи интихоб қарор намедиҳад?
XS
SM
MD
LG