Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 2 зина поин - 130-юм шуд


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 2 зина поин шуд ва дар ҷои 130-юм қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ мисли пешин дар зинаи 13-ум ҷойгир шудааст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 12-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 26-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 46. Латвия. 58. Литва. 80. Беларус. 87. Молдова. 95. Узбакистон. 100. Эстония. 106. Арманистон. 110. Озарбойҷон. 118. Гурҷистон. 129. Қазоқистон. 130. Тоҷикистон. 134. Туркманистон. 151. Қирғизистон.

Дастаи миллии Испониё (қаҳрамони Аврупо-2008) дар феҳристи FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Бразил ҷои дуввумро касб кардааст. Ҳуланд дар ҷои севум мебошад. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Португол, Итолиё (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Олмон, Инглистон, Фаронса, Аргентина ва Хорватия ҷойгиранд.

Тоҷикистон дар байни 46 мунтахаби кишварҳои Осиё дар ҷои 21-ум қарор дорад. Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА: 1. Австралия (дар ҷаҳон – 19-ум). 2.Ҷопон (45). 3.Кореяи Ҷанубӣ (49). 4.Арабистони Саудӣ (62). 5.Эрон (63). 6.Баҳрайн (67). 7. Ироқ (81). 8.Чин (84). 9. Кувайт (94). 10.Узбакистон (95).

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG