Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин давраи омӯзишӣ Раҷеш Бҳеда, мушовири Маркази байнулмилалии тиҷорат, ба нассоҷон ва дӯзандагони тоҷик дар бораи таҷрибаи бозорҳои ҷаҳонӣ дарс хоҳад гуфт ва машваратҳо хоҳад дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давраи омӯзишии дурӯза намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, раҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои хидматрасон, тарроҳони ботаҷриба ва донишмандони соҳа иштирок мекунанд.
Ҷаноби Камолов мегӯяд, бо кумаки ин созмон як гурӯҳи масъулони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои дидор аз намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба шаҳри Порис сафар карданд ва бо таҷрибаи ширкатҳои ҷаҳонӣ шинос шуданд.
Маркази байнулмилалии тиҷорат ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе, силсилаи семинарҳои фаннӣ барои корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар минтақаҳои саноатии Тоҷикистон доир кунад.
Тарҳҳои Маркази байнулмилалии тиҷорат дар чаҳорчӯби барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ амалӣ мешавад.
Ин созмон барои дастгирии соҳаи нассоқӣ ва дӯзандагӣ як қатор барномаҳоро роҳандозӣ кардааст.